Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳимми ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта мебояд, ки ин қишри муҳимми ҷомеа аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор буда, ҳамчунин мақоми хоссаеро ба ҷавонони мамлакат додааст.
23 май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро дорост. Чун, ки маҳз ҳамин саннаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд.
Инак шуруъ аз соли 1997 дар заминаи ташаббуси қонунгузории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эътибори хоса ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷавонони миллат дар роҳи истиқрор ва пойдории сулҳу субот, нақши муассири онҳо дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми сарзамини аҷдодӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба тақвими ҷашнҳои давлатӣ ворид шуда, ҳамасола насли ҷавон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ин санаи арзишмандро истиқбол мегиранд.
Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.