Фарорасии ҷашни 100-солагии таъсисёбии ҳокимияти судӣ ва ба иди 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадани он ҳар як судя ва корманди дастгоҳи мақомоти судиро водор менамояд, ки ба таърих — гузаштаи давлат ва шаҳр, бунёд ва ташаккули мақомоти судӣ назар намояд ва аз он огаҳӣ дошта бошад.
Омӯзиши таъсисёбӣ ва инкишофи мақомоти судӣ хусусан ҳодисаҳои фоҷиабори гузашта, пешрафт ва камбудиҳои дар давраи сипаришуда ҷойдошта, барои масъулиятшиносии ҳар як корманди суд аз ҷумла, кадрҳои ҷавон мусоидат менамояд.
Соли 1924 РАСС Тоҷикистон дар ҳайати РСС Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Солҳои 1925-1926 дар РАСС Тоҷикистон Шӯъбаи Тоҷикистонии Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 суди округӣ ва 8 суди халқӣ таъсис дода шудаанд.
Соли 1927 Шӯъбаи Тоҷикистонии Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва судҳои округӣ барҳам дода шуда, Суди Асосии РАСС Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Бо қарорҳои Кумитаи марказии иҷроияи РАСС Тоҷикистон аз 11.09. 1929 сол ва 19.09.1929 сол РАСС Тоҷикистон аз ҳайати РСС Ӯзбекистон баромада, бевосита ба ҳайати ИҶШС ба сифати ҷумҳурии иттифоқӣ дохил гардидааст.
Бо қарори Раёсати Кумитаи марказии иҷроияи Тоҷикистон аз 26.10. 1929 сол Суди Асосии РАСС Тоҷикистон барҳам дода шудааст.
Суди Олии РСС Тоҷикистон, се суди округӣ — дар шаҳри Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд ва се сессияҳои доимии Суди Олӣ дар округҳои Ғарм, Ӯротеппа ва вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1925-1926 судҳои алоҳида ташкил ёфта, танҳо соли 1929 низоми ягонаи судӣ таъсис дода шудааст, ки бо таърихи ташкилёбии худи давлат вобаста аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрвандро муқаддас дониста, арзиши олӣ эътироф намудааст ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.
Истиқлолияти давлатӣ баробари дигар пояҳои давлат барои бунёд, ташаккул ва таҳкими Ҳокимияти судӣ ва таъмини Мустақилияти судяҳо замина гузоштааст.
Давоми 31 соли истиқлолияти давлатӣ дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд:
Бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қадамҳои нахустин ва устувор дар бунёди Ҳокимияти мустақили судӣ гардидааст.
Конститутсия муқаррар намудааст, ки Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва Судӣ амалӣ мегардад.
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад.
Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Конститутсия мақоми Ҳокимияти судӣ-ро ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ муқаррар ва принсипҳои конститутсионии мустақилияти ҳокимияти судӣ ва манъи дахолат ба фаъолияти судяҳоро пешбинӣ намуда, барои ташаккули Ҳокимияти судӣ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи бунёдӣ гузоштааст ва сарчашмаи асосӣ гардидааст.
Ду ислоҳоти конститутсионӣ-и солҳои 1999 ва 2003, яъне ворид карда шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мазмуну мӯҳтавои Қонуни асосиро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшидаанд ва барои рушди ҳокимияти судӣ низ, таъсири бевосита расонидаанд.
Соли 1999 дар асоси тағйиротҳои воридшуда ба Конститутсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти коллегиалӣ — Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода ва фаъолияти бомароми он ба роҳ монда шудааст.
Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати Раис ва Муовинони раиси Шӯрои адлия, Раиси Суди Олӣ, намояндагони Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад масъалаҳои ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъминоти моддию техникӣ ва ташкилии мақомоти судиро ба зимма гирифтааст.
Бори аввал дар таърихи худ Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тобеияти идоравии Вазорати адлия — Ҳокимияти иҷроия бароварда шуданд, ки бешубҳа марҳилаи сифатан нав дар таҳкими Ҳокимияти судӣ гардидааст.
Дар асоси тағйиротҳои воридшуда ба Қонуни асосӣ мӯҳлати ваколати судяҳо, ки қаблан 5 солро ташкил медод то 10 сол муқаррар карда шудааст.
Бо супориши Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба мӯҳлати якумра таъин намудани судяҳое, ки зиёда аз 10 сол фаъолияти бенуқсон бурдаанд мавриди омӯзиш қарор дорад, ки амалишавии ин иқдом фаъолияти судяҳоро мӯътадилтар гардонида, ба Мустақилияти онҳо мусоидат менамояд.
Барои бо воситаи қонунҳои махсус кафолат додани мустақилияти судяҳо асосу заминаи ҳуқуқӣ гузошта шудааст.
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.
Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқат кардани қонунҳоро ба Конститутсия ва дигар масъалаҳои барои ҷамъият ҳаётан муҳимро баррасӣ менамояд ва бо ин восита риоя ва иҷроиши Қонуни асосиро назорат ва таъмин менамояд таъсис дода шудааст ва бомуваффақият фаъолият бурда истодааст.
Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки парвандаҳои ҷиноятиро нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ва баҳсҳои оилавию граҷданиро бо иштироки онҳо баррасӣ менамоянд таъсис дода шудаанд ва фаъолият мебаранд.
Судҳои арбитражӣ ба Судҳои иқтисодӣ, ки баҳсҳои иқтисодиро бо иштироки ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ баррасӣ менамоянд табдил дода шудаанд.
Дар маҷмӯъ, Низоми ягонаи судӣ, ки аз Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Судҳои умумии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Судҳои ҳарбӣ ва Судҳои иқтисодӣ иборат аст бунёд карда шудааст.
Мустақилияти Ҳокимияти судӣ ва танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат кардани судяҳо бо чораҳои маҷбуркунии давлатӣ низ, таъмин карда шудаанд.
Беэҳтиромӣ нисбати суд, таҳдид ё зӯроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, иҷро накардани ҳукми суд, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ, гувоҳии бардурӯғ ва дигар кирдорҳои ҳаммонанд мувофиқи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф шудаанд ва содир намудани чунин кирдорҳо бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ гардидааст.
Қабул ва татбиқи ду Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ барои давраҳои солҳои 2007-2010 ва солҳои 2011-2013 низ, ба иҷрои талаботҳои Қонуни асосӣ равона гардида, дар рафти онҳо корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.
Дар доираи ин барномаҳо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти судҳоро ба танзим медароранд дар таҳрири нав ва мутобиқ ба Конститутсия ва санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабул карда шудаанд.
Аз ҷумла, баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асосу заминаи он Кодекси Ҷиноятӣ, Кодекси Граҷданӣ, Кодексҳои Оила, Манзил, Замин ва ғайра…, ки муносибатҳои ҷамъиятии ба ҳар шаҳрванд дахлдоштаро танзим менамоянд дар таҳрири нав ва мутобиқ ба шароити имрӯза қабул карда шудаанд.
Ҳамаи қонунҳои мурофиавӣ низ, ба Конститутсия мутобиқ гардонида шуда, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии граҷданӣ ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда шудаанд.
Дар раванди татбиқи қонунҳои мазкур ва аз рӯи Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ баррасии парвандаҳои гурӯҳҳои алоҳида махсус гардонида шудаанд.
Аз ҷумла, баррасии парвандаҳои оилавӣ, ки қисми зиёди баҳсҳои баррасишавандаро ташкил медиҳанд ба намуди алоҳида мурофиа ҷудо карда шудаанд ва бо ин восита, сифати баррасии чунин баҳсҳо беҳтар шудааст.
Дар Суди Олӣ ва Судҳои вилоятӣ Коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва Коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ таъсис дода шудаанд.
Низоми хоста гирифтан ва таъин намудан ба вазифаи судягӣ ба таври куллӣ тағйир дода шуда, вазифаи коромӯз-судя ҷорӣ карда шудааст ва бо мақсади ба оғози фаъолият омода намудани судяҳои ҷавон дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шудааст.
Бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи роҳбари давлат барои фаъолияти Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави замонавӣ бунёд карда шуда, биноҳои мавҷуда низ, аз таъмирҳои хушсифат бароварда мешаванд.
Таъминоти моддию техникии судҳо рӯз ба рӯз беҳтар гардида, онҳо бо техника ва таҷҳизотҳои муосир таъмин карда мешаванд.
Музди меҳнати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо давра ба давра зиёд карда шуда, таъминоти иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.
Пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки халқи тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст барои минбаъд инкишоф ёфтан ва ба сатҳи умумиҷаҳонӣ баровардани мақомоти судӣ мусоидат хоҳад кард.
Боварӣ дорем таҳти роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимияти судии дар воқе мустақил, ки ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як шаҳрвандро саривақт ва босифат ҳифз менамояд, бунёд мегардад.
ИДИ КАСБӢ МУБОРАК БОШАД, ҲАМКАСБОНИ АЗИЗ!