9 МАЙ – РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.

Рӯзи Ғалаба ҳамчун — иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС (СССР) аз болои миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 9-уми май муқаррар гаштааст.

Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ — Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 92 ҳозор ҳалок шуда, боқимонда 204 нафар зинда монда аз байни ин 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида, 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9 уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба –иди расмии ИҶШС эълон гардид ва то ҳол ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои ИДМ ҷашн гирифта мешавад.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Аз ҷумла, қаҳрамонҳои ин давр ба монанди Пӯлод Отаев ва Почобой Умаров сазовори ҳар се дараҷа ордени «Шараф»-и ҷангӣ гардидаанд, ин баробар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советист. Қисми зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Россияву Беларус, Укараинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд.

Барои тарбияи насли навраси Тоҷикистон донистани таърихи ин иди бузург ниҳоят муҳим аст. Аз ин рӯ, дар борабари адабиёте, ки аз таърихи гузаштаҳо ба ҷавонон дарс шудааст, ба ин васила дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст.

Имрӯз ҳама якдилона дар паҳлуи Ветеранҳои ҷанг истода ба онҳо саломатӣ, рузгори обод таманно дорем. Ба онҳо миннатдорӣ ва арзи сипос намуда, ва он суханоне, ки доим дар гушаи хаёли инсоният садо медиҳанд: Гуфтанием «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд»

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоати Шумо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким мебахшем, намуна ва ифтихор аст. Мо ҳадафи асосии худро баҳри бунёдкорӣ ва созандагии Тоҷикистони азиз қарор дода, кӯшиш менамоем, ки сазовори   фарзандии ин диёру халқ бошем.

Бигузор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

 

Ёқубзода Носир Ёқуб,

Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ашт