Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ва марги 3 нафар

Шаҳрванд Р.Р сани 27 октябри соли 2021 соати 17:30 дақиқа бо воситаи наылиёт бо роҳи нақлиётгарди шоҳроҳи Ғафуров-Пунгон, аз самти шаҳраки Гулшан ба самти деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт бо суръати зиёда 120 км/соат ҳаракат намудааст. Номбурда ҳангоми ҳаракат дар километри 97 метр дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз ӯҳдаи идоракуни воситаи нақлиёти мазкур набаромада, талаботҳои бандҳои 8 сархати 2, 12 зербанди Б, 107, 109, 130 ва 131 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки мутобиқи онҳо Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ӯҳдадоранд, чунин амал намоянд, ки ба ҳаракат хатар, монеъа эҷод накунанд ва зарар нарасонанд. Ба ронанда ман карда мешавад, идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ (мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва монанди инҳо), таҳти таъсири доруҳое, ки таасур ва диққатро суст мекунад, дар ҳолати беморӣ ё хастагӣ, ки ба бехатарии ҳаракат таьдид намояд, шумораи хатҳои ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти берелс бо нишонаи уфуқии роҳ ва (ё) аломатҳои роҳи 5.8.1-“самти ҳаракат бо хатҳо”, 5.8.2-“самти ҳаракат бо хат, 5.8.7, 5.8.8-“Самтҳои ҳаракат бо хатҳо” ва агар онҳо мавҷуд набошанд, аз ҷониби худи ронандагон бо назардошти бари қисми мошингарди роҳ, андозаҳои воситаҳои наҷылиёт ва фосилаи паҳлӯии барои ҳаракати самти муқобил пешбини шуда дар роҳҳои ҳаракати дутарафаи хатти тақсимнадошта нисфи паҳноии қисми мошингард аз тарафи чап ҷойгиршуда ҳисобида мешавад, бе назардошти баъзе ҷойҳои васеътаршудаи ҷисми мошингард (хатҳои ивазшавии суръат, хатҳои иловагӣ ба кӯтал, воридшавӣ ба ҷойҳои истгоҳи воситаҳои нақлиёти маршрутӣ). Суръати ҳаракат бояд ба ронандагон имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд”-ро дағалона вайрон намуда, ба роҳи муқобили мошингард баромада, бо қисми пеши тарафи чапаш ба воситаи наылиёти тамҳаи “Опел” таҳти идораи ронанда Л.Ҷ, ки бо шоҳроҳи мазкур аз самти деҳаи Дӯсти ба самти шаҳраки Гулшани ноҳияи Ашт ҳаракат мекардааст, бархӯрда ба садамаи роҳу наҷлиёти дучор шудааст.
Дар натиҷа ду нафар мусофири воситаи нақлиёти тамғаи “Опел” ва худи ронанда Л.Ҷ., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 6-уми январи соли 2022 шаҳрванд Р.Р. бо моддаи 212 қисми 5-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ мувофиқи ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 14 (чордаҳ) сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш мумумӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати 15 (понздаҳ) сол таъин карда шудааст.