Аз беэҳтиётӣ ба марг расондани падар аз ҷониби ҳамсар ва фарзанд

Санаи 27 сентябри соли 2021 тахминан соатҳои 18:30 даҷиҷа марҳум Қ.А дар ҳолати мастӣ дар манзили истиқоматиаш дар ҳузури духтари ноболиғаш Л.Ш ва ҳамсараш У.И. бо баҳонаи тайёр накардани хӯроки шом ва барои харидории машруботи спиртӣ надодани маблағи пулӣ муноқиша карда, онҳоро зери лату кӯб қарор додааст. Сипас У.И. бо духтари ноболиғаш гурехта ба хонаи писараш Қ.Р. воқеъ дар поёни деҳаи Бахмал рафтаанд. Ҳамсари Қ.Р. — М.М. дарҳол тариқи телефони мобилӣ шавҳарашро даъват кардааст. Қ.Р. ба манзили истиқоматиаш ҳозир шуда, шикояти модарашро шунида, баҳри пешгирии кирдору рафтори падараш ба хулоса омадааст, ки дасту пойҳои падарашро баста монад. Бинобар ин Қ.Р. аз мағозаи деҳаашон як бастаи ширешдори скотчро бо арзиши ҳафт сомонӣ харидорӣ намуда, тахминан соатҳои 20:30 дақиқа бо ҳамроҳии модараш У.И. падарашро аз кӯчаи назди масҷиди деҳа дар ҳолати хоб дарёфт намуда, ба ҳавлии истиқоматиашон овардаанд. Сипас соатҳои 22:30 дақиқа ӯ бо ҳамроҳии модараш бо мақсади дар ҳолати мастӣ аз хона баромада нарафтани падараш тарии скотч дасту пойҳои падараш Қ.А-ро алоҳида баста, сипас дар ҳолати нишастан бо скотч мавзеи болои қафаси сина ба танаи сутуни тахтагини пешайвони хона баста, маҳдуд гардидани имконияти ба худаш кӯмак расониданро баҳо надода, ҳарду бепарвоёна ба хонаашон даромада хоб кардаанд. Шабона тахминан соатҳои 03:30 дақиқа скотчи қафаси синаи Қ.А. басташуда хато хӯрда, сари охирон ба поён зер шуда, дар натиҷа дар ҳалқаи скотч овезон ва буғӣ шуда фавтидааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 29 декабри соли 2021 Қ.Р ва У.И дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 108 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста
— ба Қ.Р. бо моддаи 108 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати як солу се моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳи дорои низомаш сукунат таъин карда шудааст.
— ба У.И. бо моддаи 108 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати ҳафт моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳи дорои низомаш сукунат таъин карда шудааст.