СОДИР НАМУДАНИ ҶИНОЯТИ ҚАЛЛОБӢ БО ИСТИФОДАИ МАҚОМИ ХИЗМАТӢ

Қ.Ш.У. дар чунин ҳолат ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо расонидани зарар ба миқдори калон ба шаҳрвандро содир кардааст.

Чунончӣ, бо Қарори раиси ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт аз 27 апрели соли 2022 таҳти №50 ба вазифаи нозири мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Ориёни ҳамин ноҳия таъин гардида, ҷиҳати ба даст овардани фоидаи муфт, дар ҳолати зерин бо истифодаи мақоми хизматӣ ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст зада, моҳи октябри соли 2023 бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, бо истифодаи мақоми хизматиаш, ҷиҳати ба даст овардани даромади муфт, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Ф.З.Э. даромада, аз номбурда барои дар даъвати тирамоҳии соли 2023 аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод намудани писараш Ф.Н.Б. ва минбаъд омода намудани ҳуҷҷати дахлдор оид ба ноқобил ба хизмати ҳарбӣ донистани номбурда маблаҳи 15000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ талаб намуд.

Минбаъд, бо талаби Қ.Ш.У. шавҳари Ф.З.Э.-Ф.Б.И., ки дар Федератсияи Россия қарор дошт, 05 октябри соли 2023 тавассути ҳамёни электронии “Алиф-моби”-и духтараш Ф.З.Б. ба ҳамёни электронии Душанбе-сити Банк” рақамаш 93 000 00 00 мансуб ба хешовандаш Б.Ф.С. маблағи 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомониро ҷиҳати дастрас намудан ба Қ.Ш.У. интиқол додааст. Сипас, Б.Ф.С. маблағи зикршударо, ки дар ҳамёни электрониаш ворид гардида буд, бо хоҳиши Қ.Ш.У. ба ҳамёни электронии “Душанбе сити Банк” рақамаш 92 000 00 00 мансуб ба И.Р.Ҳ., ки шиноси номбурда мебошад, интиқол додааст.

Қ.Ш.У. бо фаҳмидани он, ки аз кирдорҳои ҷиноятиаш дигарон огоҳ нестанд ва боварӣ ҳосил намудан, ки маблағҳои зикршударо тасарруф намудан хавфе надорад, 20 октябри соли 2023 аз рафиқаш И.Р.Х. хоҳиш намудаст, ки маблағи 15 000 сомониро ба суратҳисоби ҳамёни электронии “Душанбе-сити Банк” рақамаш 93 111 11 11, ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, интиқол диҳад.

И.Р.Х. бехабар аз амалҳои ҷиноятии Қ.Ш.У. маблағи 15000 сомониро аз суратҳисоби ҳамёни электронии худ ба суратҳисоби ҳамёни электронии “Душанбе сити Банк” рақамаш 93 111 11 11 мансуб ба Қ.Ш.У. интиқол дода, Қ.Ш.У. маблағи 15 000 сомониро ба даст дароварда, ба манфиатҳои шахсиаш истифода намуда, ба манфиати Ф.З.Э. ва писараш Ф.Н.Б. ягон амалро иҷро накарда, бо ин ба Ф.З.Э. зарари калони моддӣ расонидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 09 феврали соли 2024 Қ.Ш.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ин қисми модда ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 912 (нуҳсаду дувоздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 62016 (шасту ду ҳазору шонздаҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо  маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар соҳаи хизмати давлатӣ ба мӯҳлати 1 (як) сол таъин карда шуд.