Судшаванда М.Ш.С. 16 ноябри соли 2023 ҳангоми гузаронидани санҷиш аз тарафи прокуратураи ноҳияи Ашт аз рафҳои дорухонаи мазкур доруҳои зерин дар намуди:- “Эритромитсин” малҳам (мазь) 15 грамм дар 9 қуттӣ санаи истеҳсол 11.2020, муҳлати истифодабарӣ то 11.2023, “Мелисса” доруи алафи 50 г, дар 2 қуттӣ, санаи истеҳсол 15.03.2021 муҳлати истифодабарӣ то 2 сол, “Алтея” шира (сироп) 100 мл, дар 2 қуттӣ муҳлати истифодабари то 11.2023, “ВИТ А+Д” маҳлули истифодабарии дохила 15 мл, санаи истеҳсол 11.2021, муҳлати истифодабари то 10.2023, “Колик-Нол” маҳлули истифодабарии дохила 15 мл, санаи истеҳсол 08.2020, муҳлати истифодабари то 07.2023, “Ранит” зидди язва 150 мг, дар 2 қуттӣ, санаи истеҳсол 11.2020, муҳлати истифодабари то 10.2023, “Herbes” 50 г, дар 3 қуттӣ, санаи истеҳсол 08.2021 муҳлати истифодабари то 2 сол, “Бромолекс” шира (сироп) 100 мл, санаи истеҳсол 11.2020, муҳлати истифодабари то 10.2023, “Иммунал” 20 ҳаб, муҳлати истифодабари то 08.2023, “Ко-Амлесса” 30 ҳаб, санаи истеҳсол 07.2021, муҳлати истифодабари то 07.2023, “Гидралин” шира (сироп) 120 мл, санаи истеҳсол 10.09.2021, муҳлати истифодабари то 10.09.2023, “PROноги” малҳам барои пой, санаи истеҳсол 17.08.2020, муҳлати истифодабари то 18 моҳ аз санаи истеҳсол, “Виадекс” 10 дона, санаи истеҳсол 12.2020, муҳлати истифодабари то 11.2023, “Панзинорм-10 000” дар 21 ғилофак, санаи истеҳсол 11.2020 муҳлати истифодабари то 11.2023, “Индометатсин” 100 мг, муҳлати истифодабари то 01..2023 ва “Серена” дар 20 ғилофак (капсула), санаи истеҳсол 12.2020, муҳлати истифодабари то 11.2023 сол ёфта гирифта шудааст, ки ин дорувориҳо мӯҳлати истифодаашон гузаштааст ва ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҷавобгуй намебошад, дар пештахтаи нуқтаи дорухонааш бо мақсади фурӯхтан ва ё ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст, гирифта шуд.
Бо хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд аз 13.12.2023 сол таҳти №1432 дорувории аз дорухонаи мазкур гирифта шуда, муҳлати истифодабариашон гузаштааст.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №82 аз 01.03.2022 сол доруҳои зикршуда бинобар гузаштани муҳлат ба талаботҳои стандартҳои муқарраршуда барои истифода номувофиқанд. Эҳтимолияти зарар ба саломатии инсонро доранд.
Бинобар ин, бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 06 марти соли 2024 М.Ш.С. бо моддаи 209 rисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 13600 (сенздаҳ ҳазору шашсад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти доруфурӯши (аптекарӣ) ба мӯҳлати 1 (як) сол таъин карда шавад.