ТЕРРОРИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ!!!

Дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм низ таҳдидҳои зиёдеро дар ҷомеаи ҷаҳон ба миён овард. Вазъияти мазкурро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, нисбати ин вабои аср муборизаи беамон бурда истодааст.

Баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ба минтақаи бархӯрди манфиатҳо табдил ёфт. Дар навбати худ аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақа истифода бурда, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҷинояти муташаккилона ва қочоқи маводи нашъа­овар авҷ гирифт, ки ҳамаи он минбаъд бегумон бо терроризми байналмилалӣ муттаҳид хоҳанд шуд. Бо дарназардошти ин Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирона ва устуворона барои муттаҳид сохтани нерӯ дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва глобалӣ баромад намуда, дар иттиҳоди давлатҳое, ки бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми (ифротга­роӣ) байналмилалӣ мубориза мебаранд, фаъолона иштирок менамояд.

Низоми таъмини мубори­за бар зидди терроризм ва эк­стремизм (ифротгароӣ) пеш аз ҳама мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубо­риза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зид­ди экстремизм (ифротгароӣ)», Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва нақшаҳои идоравии соҳаи мураккаби мазкур ташкил медиҳад.

Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлатҳо ва минтакаҳо воқеан таҳдид менамо­яд. Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин прокуратура бар зидди терроризм мубориза бурда, онҳо ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.

Ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Ҳамчун субъекти дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда бошад, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти хокимияти иҷроия мебошанд, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Дар ин бора дар фасли 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” маълумоти муфассал оварда шудааст.

Ба ғайр аз санадҳои дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза алайҳи терроризмро мувофиқи санадҳои  байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ мондааст, ки номгуи онҳо дар қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2013 оварда шудаанд.

Зуҳуроти терроризм ва экстремизм (иф­ротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи давраи соҳибистиқлолият ва соҳибихтиёрии он ба мушоҳида расида, дар ин асос якчанд ҳизбу ҳаракатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба монанди «Ал-қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ»,  «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати Исломии Ўзбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамъияти Таблиғ», «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод» «Ҳизб-ут-Таҳрир» «Салафия» Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ»,  Кумитаи 24, “Ҳизби наҳзати ислом” ва ғайраҳо бо қарор (ҳалнома)-и Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳаракатҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуда, истифода ва нашр намудани рузномаю маҷаллаи ин гурӯҳҳо манъ карда шуд.

Яке аз омилҳои густариш ёфтани экстремизм ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои террористӣ маҳсуб меёбад, ки ватани мо низ аз ин омилҳо бархурдор аст. Моро зарур аст, ки баҳри ҷоннок намудани мубориза бар зидди терроризм амнияти иттилоотии худро густариш дода, дар ин самт таҷрибаи  давлатҳои пешқадамро истифода барем.

Мо бояд донем, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракатҳои хусусияти террористидоштаро маҳкум намуда, ингуна ҳаракатҳоро ҷиноят шуморида, ҳангоми содир намудан парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда ва ниҳоят ҷазои ҷиноятии вобаста ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқамандбударо пешбинӣ намудааст.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегиранд.

Дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, Кодекси ҷиноятӣ воситаи сахттарин буда, бо ёрии меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ бевосита вазифаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликият, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, муҳити атроф, сохти Конститутсионии ҶТ аз таҷовузҳои ҷиноятӣ, инчунин таъмини сулҳ ва амнияти инсон, пешгирии ҷиноятҳо ба амал бароварда мешавад.

Айни ҳол, мо дар фазои тинҷу ором ва сулҳу субот зиндагӣ карда истодаем ва моро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, беаҳамиятӣ зоҳир нанамуда, вобаста ба дигаргун шудан ва ташаккул ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунгузории худро такмил дода, соҳаи мазкурро доимо зери назорати қатъӣ гирем. Чуноне ки яке аз ҷамъиятшиноси фаронсавӣ Фредерик Бегбедер гуфтааст, “Ҳар як рузи бе таркиш гузашташуда, эҳтимоли ба вуқӯъ омадани онро зиёд мекунад”.

Котиби маҷлиси судии

суди ноҳияи Ашт,

Қодиров Искандар Истамқулович