Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки рӯзи 28 декабри соли 2023 ироа гардид бармеояд, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.
Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.
Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад.
Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.
Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дар ин замина бо Фаромони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023, №668 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шудааст, чунки дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Мақсад аз эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарщиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.
Аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи кории дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 тартиб дода шудааст, ки дар ин замина аз ҷониби Суди ноҳияи Ашт нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро дар самти номбурда таҳия ва тасдиқ намуда, дар амал ҷорӣ намудааст.
Дар асоси ин нақша чорабинӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд мунтазам бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои тарщиботию ташфиқотӣ вобаста меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ байни аҳолӣ идома дода шуда истодааст.
Инчунин фаъолият дар самти баргузор намудани мурофиаҳои сайёри судӣ тақвият бахшида шудааст.
Судяи суди ноҳияи Ашт
Қурбонзода Хусрав Ёқубӣ