Дар баробари соҳибистиқлол гаштан халқу миллати моро роҳбаре насиб гашт, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонгаштаи тоҷикро муттаҳид сохта, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ хотима бахшад. Рӯзи 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст ва мо ҳамасола рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн мегирем. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа худ шурӯъ намудааст. Ин рузи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Тӯли солҳои сипаригашта, дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфт ва ҳисси ватандӯстии тамоми қишрҳои ҷомеа афзуд. Президенти кишвар аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба хиради волои хеш ва равиши сиёсати «дарҳои кушода» бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор намудаву минбаъд онҳоро таҳким бахшид. Бо боварии том гуфта метавонем, ки сулҳу ваҳдат дар мамлакат пояҳои устувор дорад ва дар кори боз ҳам пойдору устувор гардонидани дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистонро зарур аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад. Аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ маълум аст, ки яке аз омилҳои ба сулҳу субот нарасидани кишварҳои ҷангзада, ин вуҷуд надоштани лидери сиёсӣ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Асоси пойдории сулҳу амнияти Ватан ва осудагии халқу кишвари мо Пешвои миллат аст, ки ба шарофати ин родмарди асил имрӯз мо зиндагии осуда дорем ва идҳову ҷашнҳои кишварро бо хотири ҷамъу болида таҷлил мекунем.
Таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ — ин ҳама бо азму иродаи қавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқу давлати моро ба даст омадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу озодиҳо ва овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохтанд, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии Президенти кишвар мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки 30 сол қабл ӯ чун пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуд. Фарҳанги аздастрафтаро эҳё бахшиданашон эшонро раҳнамову пешвои миллат сохт. Ин боз як омили муттаҳид гаштани тоҷикони тамоми дунё дар атрофи Роҳбари давлати тоҷикон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияшон пешво кард. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, парчаму нишони миллӣ, бинои муҳташами Қасри Миллат ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳр ба таври рамзӣ дар як ҳудуд қомат афрохтаанд, худ як гувоҳномаи бузурги фарҳанги миллати куҳанбунёди мост. Бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат яке аз бузургтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ дар як гӯшаи пойтахт бунёд ёфт, ки руйдоди бузурги фарҳангӣ дар ҷаҳони ислом аст. Ин бунёдҳо барои наслҳои минбаъда чун як санади кафолат дар роҳи шинохти ҳастии миллати тоҷик мебошад, зеро таҳти роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ба маротиб боло меравад.
Эй чеҳраи пурзиёи миллат, хуш бош,
Шоистатарин бақои миллат, хуш бош.
Дар роҳи мурод бо шумоем, Шумо,
Эй роҳбари раҳкушои миллат, хуш бош.
Месазад, ки мо дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем. Фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштаву сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ ва роҳи интихобнамудаи халқи тоҷикро ҳифз намоем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пирузии сулҳу ваҳдат муборак!