Рӯзи 04 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд ҷамъбастии фаъолияти суди вилояти Суғд дар давраи нимсолаи аввали соли 2025 бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад баргузор гардид.
Дар ҷамъбастӣ раиси суди ноҳияи Ашт Азизуҳаммад Хуршед Азизмуҳаммад вобаста ба фаъолияти суди ноҳияи Ашт дар нимсолаи аввали соли 2025 баромад намуд. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Р.П. фаъолияти суди ноҳияи Аштро дар самти иҷроиши санадҳои судӣ, аз ҷумла рӯёндани ҷаримаҳои маъмурӣ, ки 100 фисадро ташкил медиҳанд, шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид намуд, ки фаъолият дар дигар самтҳо, аз он ҷумла саривақт ва босифат баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, қабули санадҳои судии қонуниву асоснок, тарғибу ташвиқи Конститутсия ва қонунҳо, чопу нашри мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо, бароимад дар садову симо, гузаронидани вохуриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ободонии бино ва гирду атрофи он ва интизоми меҳнат беҳтар карда шаванд.
Суратгузориш аз рафти ҷамъбастӣ…