Заминаҳои соҳибистиқлолӣ

Нодиртарин, арзишмандтарин, муҳимтарин дастоварди халқи тоҷик дар тўли таърихи чандҳазорсола ба даст овардани Истиқлолият маҳсуб меёбад.

Тоҷикон барои расидан ба соҳибистиқлолӣ муборизаи беамон бурданд. Хушбахтона, халқи тоҷик ба орзуи деринаи худ расид ва соҳибистиқлол будани худро эълон намуд. Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мешносанд.

Бо шарофати ин рўйдоди бузурги таърихӣ–Истиқлолияти давлатӣ кишвари навини тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ–Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия ва пули миллӣ гардид.

Дар низоми идоракунии давлат аввалин шуда мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз ду палата–Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис ёфта, бо қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ танзим гардида, ба низом дароварда шуд.

Маҳз, дар замони Истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил гардид. Ҳамчунин, забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро соҳиб гашт. Аз лаҳзаҳои аввали пойдор гардидани Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти бонизоми мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таъмин гардид.

Яке аз рўйдодҳои фараҳбахш ва бузурги таърихӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки раванди демократикунонии ҷомеаро мустаҳкамтар намуд.

Бо супоришу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон, дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» дар қатори дигар санаҳои муҳими кишвар 9-уми сентябр ҳамасола ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомат ва ботантана баргузор мегардад.

Таҷрибаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар гувоҳи он аст, ки давлати мо ва мақоми қонунгузори он тавонист, ки заминаҳои ҳуқуқии шаклгирии давлати соҳибихтиёр ва озодро таъмин намояд.

 

Қурбонзода Хусрав Ёқубӣ,

судяи суди ноҳияи Ашт