КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Таҷриба ва таърихи конститутсионии давлатҳо нишон медиҳанд, ки Конститутсияҳо ҳамчун санади асосии давлатсозӣ барои даҳсолаҳо ва садсолаҳо қабул мешаванд. Конститутсия бо як марҳалаи нави таърихии инкишофи ҷомеа ва давлат алоқаманд буда, ба таъсиси давлати шакли нав асос мегузорад. Дар Конститутсия  ҳадафҳо ва самтҳои пешрафти ҷомеа ва давлат  барои даҳсолаҳо  пешбинӣ мешаванд. Конститутсияи Тоҷикистон низ ҳамчун санади асосии давлатсозӣ ва хуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафти давлатро муайян мекунад ва аллакай тӯли зиёда аз се даҳсола ба мардуми Тоҷикистон дар роҳи давлатсозӣ ва такмили ҳокимияти давлатӣ хизмат карда истодааст. Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Аз лаҳзаи қабули Конститутсия, таърихи нави инкишофи ҷомеа оғоз мегардад. Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ҷомеа дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти  иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ оғоз гардида, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари дунё бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои сифатии ҳаёти чомеа, дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ  ва ҳуқуқӣ, табиист, ки тағйир меёбад, ба он меъёрҳои ҷавобгӯи  муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ворид мешаванд. Тағйиру иловаҳои Конститутсия дар таҷрибаи давлатдории  ҳамаи  кишварҳои ҷаҳони мутамаддин ҷой дорад. Бар замми ҳамаи ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари баъди даврони шуравӣ дар давраи гузариши ҷомеа аз сохти сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисоди бозорӣ ва эътирофи шаклҳои гуногуни моликият қабул шудааст. Дар ин давра, табиист, ки дигаргуниҳои куллии иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сурат мегиранд, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба миён меоянд, ҳадафҳо ва самтҳои  ислоҳоти судӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, молиявию кишоварзӣ  ва дигар соҳаҳо мушаххастар мешаванд.

Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати  иҷтимоӣ,  ҷузъи таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин буда, дар конститутсияҳои давлатхои Аврупо ва кишварҳои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқхои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гуруҳҳои алохидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ, ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, миқдори  зарурӣ  гардондани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи  ҷомеа ба вуқуъ пайвастанд.

Дар партави гуфтаҳои боло бояд қайд намоем, ки дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои марказӣ ва асосӣ, кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Хусусан кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд хеле муҳим аст. Ҳар як давлат мувофиқи вазъ ва шароити ҷомеаи худ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.

Кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳар як давлат дар қонуни асосии худ ва дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ муқаррар мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст. Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тамоми роҳу воситаҳои эътирофшудаи ҳуқуқӣ истифода мебарад. Алалхусус яке аз воситахои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарчашмаи тамоми қонунгузорӣ мебошад ва барои амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳо шароит муҳайё месозад. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия дар шаклҳои гуногун ифода ёфтааст.

Давраи пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан давраи амалӣ гаштани меъёрҳои он аст. Конститутсия, ки худ ҳуҷҷати барномавӣ барои даҳсолаву садсолаҳост, дар як муддати кӯтоҳ пурра амалӣ гардидани он ғайриимкон аст. Конститутсия ба муҳлати дарозмуддати таърихӣ қабул шуда, давра ба давра, якҷоя бо фароҳам гаштани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти кишвар, афзудани иқтидори иқтисодии мамлакат амалӣ мешавад. Аз ин рӯ, амалӣ гаштани меъёрҳои Конститутсия тамоми давраҳои инкишофи конститутсионии кишварро фаро мегирад. Ин хислати ҳамаи конститутсияҳои дар воқеъ демократӣ ва тақдирсози миллатҳои мухталифи ҷаҳони мутамаддин аст.

Халқи Тоҷикистон, Конститутсияи хешро дар заминаи муқаддас эълон намудани озодӣ ва ҳуқуқи шахс қабул намудааст. Ин мароми халқ дар дебочаи Конститутсия ифода гашта, далел ба ин аст, ки халқи мо мисли халқҳои ҷаҳони мутамаддин аз ҳуқуқу озодиҳои дахлнопазир ва фитрӣ бенасиб буда наметавонад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин санади конститутсионӣ дар таърихи тоҷикон мебошад, ки аз ҷониби худи халқ, бевосита дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Онро халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи аҳолии кишвар, дарку эҳсоси таъмину ҳимояи соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он қабул намудааст. Ин меъёри воқеан таърихӣ дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардида, мазмуни ғанӣ ва аҳамияти дар воқеъ калони таърихӣ дорад. Халқи Тоҷикистон Конститутисяи хешро қабул намуда, дар пурра амалӣ гаштани он масъул ва вазифадор аст. Амалӣ гаштани Конститутсия ва меъёрҳои он аз меҳнати ҳамарӯза ва пурсамари шаҳрвандон, масъулиятшиносӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори созандагиву ободонии кишвар, дарки ҳимояи музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ, вобастагии калон дорад.

Бояд гуфт, ки давлат, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор аз амалӣ гаштани Конститутсия дар канор буда наметавонанд. Давлати Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро таъмин менамояд, гуногунии равияҳои сиёсӣ ва мафкуравиро таъмин мекунад, дар заминаи таҷзияи шохаҳои ҳокимияти даватӣ амал мекунад, Конститутсия ва қонунҳои давлатро риоя ва иҷро мекунад, сиёсати сулҳҷуёнаро татбиқ мекунад, ба иттиходияҳо ва ташкилотҳои байналхалкӣ ворид мешавад, бо кишварҳои хориҷӣ робита менамояд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад, истифодаи самараноки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва диагр боигариҳои табииро кафолат медиҳад, шаҳрвандиро танзим мекунад, ба ҳар кас, қатъи назар аз милат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро мақсад ва мазмуни фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ эълон намуда, моҳиятан масъулияти таъмини онҳоро ба зимаи ҳокимияти судӣ мегузорад.

Аз ин ҷост, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба суд ҳамчун воситаи асосии таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкимбахши ҷомеаи адолатпарвар аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, дар Конститутсия боби алоҳида ба ин ҳокимият бахшида шудааст. Дар ин замина, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои асосии таъмини адолати судиро мустаҳкам кардааст, ба монанди мустақилият ва беғаразии судяҳо, итоат танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса ва баробарии тарафҳо  ба амал баровардани адолати судӣ  ва амсоли инҳо.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ҳамчун василаи бунёди ҷомеаи адолатпарвар дар кишвар давра ба давра барномаҳои ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ гашта истодаанд.

Барномаҳои ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ натиҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, ба  таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва дигар сохторҳо равона карда шуда, ислоҳоти тамоми соҳаи адолати судӣ ва сохтори ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Аз ин бармеояд, ки дар амалисозии ҳокимияти давлатӣ нақши ҳокимияти судӣ низ хеле калон аст. Аммо функсияи асосии ҳокимияти судӣ, ки фаъолияти суд ба он равона шудааст, ин ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд  мебошад. Зеро маъмултарин роҳи ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маҳз ҳимояи судии онҳо ба шумор меравад.

Дар айни замон, барномаҳои ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ, тамоми фаъолияти рӯзмарраи ҳокимияти судӣ, ҷиҳати татбиқи воқеии соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бевосита дар ба амал баровардани адолати судӣ робитаи ҷудонашаванда доранд, дарбар гирифтанд. Мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва прокуратура, ҳокимияти судиро бо далелҳои амиқу дақиқи боэътимод таъмин намуда, муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, иҷрои ҳукмҳои судиро таъмин менамоянд.

 

Раиси суди ноҳияи Ашт,

Азизмуҳаммад Хуршед Азизмуҳаммад