Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Маҳз дар лаҳзаҳои душвори сиёсӣ, ки дар мамлакат ҳануз оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомуш нагардидаву, истиқрори сулҳ ба даст наомадааст қабул намудани Конститутсия осон набуд, зеро аз як тараф вазъи ногувори мамлакат имкон намедод то амнияти овоздиҳандагон таъмин бошад ва аз тарафи дигар мардум аз падидаи нави конститутсионӣ-раъйпурсӣ огаҳӣ надоштанд. Мардуми тоҷик хеле хуб дарк мекарданд, ки халоси ёфтан аз вартаи ҷанг танҳо бо роҳи қонунӣ имконпазир буд ва ба ин асос ба тарафдории Конститутсия овоз дода амалан роҳи тараққиёти давлатдории худро муайян намуданд. Конститутсия соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии Точикистонро ба таври қонунӣ мустаҳкам намуда, онро демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва иҷтимои эълон намуд. Қабули Конститутсия даст кашидан аз шакли давлатдории шӯравӣ ва таҷассуми ҳокимияти сифатан нав-давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ қонунан эълон дошт, ки дар он қонуниятҳои инкишофи давлатдории тоҷикон дар назди наслҳои ҳозира ва оянда муқаррар шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми судии кишвар низ ислоҳот ворид намуд, ки минбаъд дар асоси ин санади олӣ боби алоҳида, яъне боби ҳаштум ба суд бахшида шуда, фаъолияти судяҳо мустақил муқаррар гардида, ягона баамалбарорандаи адолатӣ судӣ пешбинӣ гардид ва дар низоми судии кишвар суди конститутсионӣ ташкил гардид. Мо судяҳо фаъолияти касбии худро дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба роҳ монда, дар фаъолияти кории хеш бо дарназардошти афзалияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд адолати судиро ба амал мебарорем. Мо хеле хуб дарк менамоем, ки дар роҳи қабули Конститутсияи миллии худ мо чи қадар роҳҳоро тай намудему чи қадар душвориҳоро паси сар намудем. Бинобар ин таъкид менамоям, ки маҳз зери роҳбарии хирадмандона ва ҳадафмандонаи Пешвои миллат мо тавонистем дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ ва буҳрони сиёсӣ Конститутсияи миллии худро қабул намоем.
Конститутсияи Чумхурии Точикистон дорои дебоча,10 боб ва 100 модда мебошад, ки меъёрҳои он баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст ва ин дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад. Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезонидани ҷараёни демократикунонии ҷомеа, инчунин бо тақозои меъёрҳои ҳуқуқи пешрафтаи ҷаҳон ба Конститутсия се маротиба- солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Мо дар остонаи ҷашни 31-солагии қабули Конститутсияи кишварамон қарор дорем, ки махз тавассути хамин Конститутсия дар мамлакат истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ки мардум озодона фаъолияти иқтисодии худро дар асоси гуногуншаклии моликият, ҳаёти сиёсии худро дар асоси озодии сухан ва изҳори ақида, ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба мақомоти конунгузор, иҷроия ва судӣ ки онро худи халк интихоб мекунад, амали менамоянд.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид. Ғояҳои башардӯстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, арзишҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд.
Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ иброз доштаанд, ки “Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд”.
Бори таъид кардан ба маврид аст, ки мо дар лаҳзаҳои душвори таърихи зери роҳбарии фарзанди фарзонаи ин миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади таърихиро қабул намудем ва ба ин васила низоми ягонаи ҳуқуқи кишварро муҳайё намудем.
Судяи суди ноҳияи Ашт,
Анварзода Алишер Анвар
Суди ноҳияи Ашт 