Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як фарди мамлакат ҳамчун дастурамали корӣ барои як соли оянда ва барномаи дурбинона баҳри рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат мебошад.
Мақомоти судӣ чун дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа мақоми хоса дошта, дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқии сартосарӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои бечунучарои қонуну кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ва дигар масоили ҳамсон саҳми бориз дорад.
Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор ҳамеша дастури қатъӣ медиҳанд, ки вобаста ба назорати риоя ва иҷрои қонунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро андешанд ва дар ин самт корҳоро пурзӯртар намоянд.
Роҳбари давлат, аз ҷумла, ба намояндагони мақомоти судӣ ҳамеша ва дар ҳар баромадҳояшон чунин таъкид менамоянд: “Мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудааст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад.
Дар ҳошияи ин дастур ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, кормандони мақомоти судӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ фаъолияти пурмаҳсул дошта, барои таҳқиқи саривақтӣ ва холисонаи парвандаҳои судӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Хусрав Қурбонзода,
судяи суди ноҳияи Ашт
Суди ноҳияи Ашт 