Ҷ.А.Ғ. 06 сентябри соли 2025 тахминан соати 21:00 дақиқа дар қисмати оқиби бинои самбӯсахона, воқеъ дар ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Меҳробод, деҳаи Ҳуҷистон, дар ҳолати мастӣ дар аснои муносибатҳои оштинопазирии ба миёномада қасдан бо лағаташ ба пой ва тани ҳамдеҳааш Д.О.М. зарба зада, бо ин кирдораш ба саломатии охирон ҷароҳати ҷисмонӣ расонид.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ судӣ №366 аз 01.10.2025 сол ҷароҳати бардоштаи Д.О.М. дар намуди шикасти пӯшидаи ҳарду буҷулакҳои устухони соқи рост бо беҷошавӣ, ҳамчун зарари миёнаи ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста шудааст.
Суди ноҳияи Ашт дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноятиро нисбати Ҷ.А.Ғ. баррасӣ намуда, бо ҳукми суд аз 19 декабри соли 2025 Ҷ.А.Ғ. бо моддаи 111 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати як солу шаш моҳ дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда бо нигоҳ доштани 20% фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Суди ноҳияи Ашт 