ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ДАР ҶОЙҲОИ МУҚАРРАРНАШУДА ТАШКИЛ КАРДАНИ ҚИМОРБОЗӢ БАР ИВАЗИ ПУЛ

Судяи суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд Қурбонзода Хусрав Ёқубӣ, бо котибии Қодиров Искандар Истамқулович, дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар бинои Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт рӯзи 19 январи соли 2026 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ду нафар сокинони ноҳияи Ашт баррасӣ намуд.

Чунончӣ, рӯзи 21 декабри соли 2025 тахминан соатҳои 19:20 дақиқа дар пушти бинои мағоза, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Соҳили сир онҳо бо ҳамдигар қиморбозӣ бар ивази пул ташкил кардаанд, ки онҳоро дар вақти бозии қимор кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дастгир намуда, маблағҳои пулии ба бозии мазкур гузошташударо бо тартиб додани санад гирифта, оид ба ҳолати мазкур ҳуҷҷатҳои лозимаро тартиб додаанд.

Аз ин рӯ, нисбати онҳо бо моддаи 465 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1125 (як ҳазору яксаду бисту панҷ) сомонӣ ба ҳар кадоме бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 10 (даҳ) сомонӣ, 20000 (бист ҳазор) суми Ҷумҳурии Узбекистон ба фоидаи давлат таъин карда шуданд.