Идомаи вохуриву суҳбатҳо бо сокинони ноҳияи Ашт

Дар доираи нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди вилояти Суғд ва суди ноҳияи Ашт санаи 9.02.2026 вохуриву суҳбатҳои навбатии роҳбарияти суд ва судяҳо бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт гузаронида шуд. Дар вохурии мазкур муовини Раиси суди ноҳияи Ашт Собирӣ Р. Ш. ва судяи суди ноҳияи Ашт Анварзода А. А. иштирок намуданд. Дар ҷараёни вохурӣ аз ҷониби судяҳо ба мардум доир ба муҳтаво ва мазмуни асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16.12. 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, маърузаҳо пешниҳод гардида, ҳамзамон вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, ҳолати даст назадан ба ҷиноят, иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи масъулият дар бораи таълиму тарбияи кудак диққати мардум ҷалб карда шуда, талаботи қонунҳои зикршуда фаҳмонида дода шуд.

Суратгузориш аз рафти вохурӣ…