ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХУРӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯ

Имрӯз 18.02.2026 мулоқоти навбатии муовини раиси суд Собирӣ Раҳим Шокир ва судяи суди ноҳияи Ашт Қурбонзода Хусрав Ёқубӣ бо фаъолони Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар толори ин ҷамоат баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбату вохурӣ ба самъи иштирокдорон муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, мазмун, моҳият ва вазифаҳои дар он гузошташуда фаҳмонда дода шуд.  Ба иштирокдорон ҳамзамон талаботи меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» фаҳмонда дода шуда, таъкид шуд, ки кудаконро дар руҳияи Ватандустӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ба воя расонанду ҳангоми баргузории ҷашну маросим ба зиёдаравӣ роҳ надода, талаботи қонунҳоро ба пуррагӣ риоя намоянд. Ҳамчунин вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ диққати ҳозирин ҷалб гардида, доштани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ зимни истифодаи барқ бе пайваст намудани он ба ҳисобкунакҳои барқӣ ба пуррагӣ фаҳмонида дода шуд. Дар анҷом ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъкид шуд, ки ҳамаи мо дар якҷоягӣ хонаву кӯчаҳои худро ободу зебо намуда, кӯшиш намоем, ки дар гулгулшукуфоӣ, ободу зебо нигоҳ доштани кишвари азизамон саҳми назарраси худро гузорем.

Суратгузориш аз рафти вохурӣ…