ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТИ РОҲ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ, КИ АЗ БЕЭҲТИЁТӢ БОИСИ МАРГИ ИНСОН ГАШТААСТ

Судшаванда М.Ҷ.И. 31 декабри соли 2025, тахминан соати 18:30 дақиқа зимни рондани автомобили шахсиаш, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҳуҷистони Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба самти деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, дар натиҷаи дағалона вайрон намудани талаботи банди 130-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тибқи он, “ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракат, талаботи воситаи техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт, шароити роҳ ва боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат таъсир мерасонад ба эътибор гирад, дар ин ҳолат ҳангоми дидашавандагии нокифояи роҳ суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконият диҳад, ки ӯ воситаи нақлиётро дар ҳудуди дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат боздошта тавонад, ҳангоми ба вуҷуд омадани монеа ё хатар барои ҳаракат, ки ронанда имконияти дидани онро дорад, ӯ вазифадор аст фавран чораҳоро барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад”, талаботи банди 131-и ҳамин Қоидаҳо, ки тибқи он “суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконияти назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд” ва талаботи банди 198 сархаи 4-и ҳамин Қоидаҳо, ки тибқи он “ҳангоми бурдани чашм ронанда бояд сигнали чароғи нурии садамавиро ба кор андозад ва хатти ҳаракати худро тағйир надода, суръатро паст намояд ва бозистад” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагар У.О.Ҷ.,  сокини ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Меҳробод, деҳаи Бахмал, ки роҳи мошингардро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекард, пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард У.О.Ҷ., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бистарӣ гардида, рӯзи 01 январи соли 2026 дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Аз ин рӯ, бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 17 марти соли 2026 М.Ҷ.И. бо қисми 2 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се сол, бо адо намудани чазо дар колонияхои ислоҳии сукунат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати се сол, таъин карда шуд.