Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо

Судшаванда К.Т, моҳи январи соли 2023, бидуни иҷозати мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист, ғайриқонунӣ аз ҳудуди заминҳои ҷангали муҳофизатшавандаи хоҷагии деҳқнии “Салом”, ки худ аъзои он мебошад, 10 бех дарахтони қайрағочи бисёрсолаи қутрҳояшон аз 13 см то 18 см бударо, ки тибқи баҳисобгирии давлатии қисми харитаи заминистифодабарии хоҷагӣ ба номи Калинин дар тарҳи 4444 ба масоҳати 0,30 га ба намуди замини ҷангали муҳофизати мансуб буда, буридани ин дарахтон манъ аст, бо мақсади ғаразнок, яъне истифодаи минбаъдаи онҳо ба сифати ҳезум аз реша боло бурида, ба манфиати давлат ва ҳифзи муҳити зист ба маблағи 1898 сомонӣ, ки андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо си мартиба бештар мебошад, зарари ҷиддц расонидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз моҳи апрели соли 2023 К.Т, бо моддаи 234 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 34000 (сию чор ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.