Шахси воқеӣ Ҳ.А.А. бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, 26 январи соли 2024 соати 12:24 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Ошоба, деҳаи Хуҷамбердиев, хонаи берақам, маракаи «қудоталбон» баргузор намудааст.
Дар натиҷа талаботи моддаи 10 қисми 2-и Қонуни номбурда аз ҷониби Ҳ.А.А. дағалона вайрон карда шудааст.
Судяи суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд Бобокалонзода З.К., бо котибии Ёқубзода Н.Ё., бо иштироки ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Ашт Ҷамҳурзода А., тарҷумон Султонназарова С., дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар толори Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, 15 марти соли 2024 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Ҳ.А.А. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 10-15 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт баррасӣ намуд ва бо қарори суди ноҳияи Ашт аз рӯзи зикршуда Ҳ.А.А. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў дар асоси ҳамин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи яксаду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба ҳафт ҳазору нуҳсаду бист сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Пас аз баррасӣ намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур судяи суди ноҳияи Ашт Бобокалонзода З.К., котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ашт Ёқубзода Н.Ё. ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Ашт Ҷамҳурзода А. барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт вохӯрӣ намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 истода гузашта, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикисон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба самъи сокинон расонида, вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта баромад намуданд.