АРТИШ ҚУДРАТИ ВОҚЕИИ ДАВЛАТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Ҳанӯз осори садама дар аркони давлатдории мо аз байн нарафта буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи бисёр печида таъсис ёфт. Вале новобаста ба шароити ҳассос ҷомеаи кишвари тозаистиқлоли мо ба оғоз ва дурнамои ин амр хушбин буданд. Хушбинӣ аз он буд, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идораи давлат, ки дар ҳоли суқут қарор дошт, танзим ва шуълаи умед ба фардои дурахшони Ватан ба дилҳо роҳ ёфта буд. Ҳоло бо гузашти 31 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, иқтидори мудофиавии кишвари мо аз куҷо ба куҷо расид. Лиҳозо, воқеияти ҳол ва амри собит ин аст, ки ҳарчанд Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти худро аз сифр оғоз кард, дар заминаи сиёсати дурбинона ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоное табдил шуда, қудрати комили мудофиавӣ ба даст овардааст.

 

Рӯзи Артиши Милли — Добро пожаловать на сайт частной гимназии Таджикистан