Ҷавобгарӣ барои риоя накардани муҳлати бақайдгирии таваллуди кӯдак

Шаҳрванд К.А. фарзанди ноболиғаш М.-ро, ки санаи 22 июни соли 2021 таваллуд шудааст, то ҳол аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди нагузаронидааст, ки бо ин ҳаракатҳои худ К.А. талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро вайрон намудааст. Аз ин рӯ, бо қарори суди ноҳияи Ашт аз 25 ноябри соли 2022 К.А. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба яксаду наваду ду сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.