ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Шахси воқеӣ Т.З.О. рӯзи 18 ноябри соли 2023 соати 12:30 дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш қабл аз маъракаи туйи писараш Т.З., ки рӯзи 20 ноябри соли 2023 бояд баргузор карда мешуд, маракаи хатм бо додни зиёфат бо ҳамсоя, хешон ва наздиконаш ду дег таом пухта, зиёфат оростааст.

Ҳол он, ки тибқи талаботи моддаи 10 қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тўйи домодию арўсӣ дар давоми на бештар аз ду рўз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тўй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.

Инчунин тибқи талаботи моддаи 10 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили маъракаи фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, муборакбодӣ манъ аст.

Бинобар ин, дар асоси қарори суди ноҳияи Ашт аз 09 феврали соли 2024 Т.З.О. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 110 (яксаду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7480 (ҳафт ҳазору чорсаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.