Ҳуқуқвайронкунанда А.Ҳ.А. дар солҳои мухталиф ҳамчун истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳи паҳн намудани маводҳои дорои мазмуни динидошта ва бо ин тариқ таълим додан машғул шуда, маводу адабиётҳои мазмуни динидоштаро аз гурӯҳҳои динӣ дастрас намуда, мутолиа ва ба дигарон паҳн кардааст, ки дар рафти санҷиш ошкор карда шудааст.
Бинобар ин, бо қарори суди ноҳияи Ашт аз 29 ноябри соли 2024 ҳуқуқвайронкунанда А.Ҳ.А. бо моддаи 4742 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ҳамин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба шаш ҳазору чорсаду ҳаштод сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.