Шаҳрванд А.П.О. аз соли 2021 то инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоии «Инстаграм», «Телеграм», «ВотсАп», «Тик-Ток» ва «Ютуб» бо аккаунти «______» 86 адад публикатсия, 730-адад обуначӣ (подписчик), 337 адад обуна (подписки) дошта, 30-адад видео ва наворҳоро дар таърихаш (история) гузоштааст, ки аз инҳо 14-навори видеоии хусусияти динидошта мебошад. Яъне дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» якчанд наворҳои видеоии хусусияти динидоштаро паҳн намудааст ва бо ин кирдораш таълимоти диниро тавассути шабакаи интернетӣ ғайриқонунӣ ба роҳ мондааст.
Бинобар ин, бо қарори суди ноҳияи Ашт аз 4 сентябри соли 2024 А.П.О. бо моддаи 474 2 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў дар асоси ҳамин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба шаш ҳазору чорсаду ҳаштод сомонӣ таъин карда шуд.