ҶАВОБГАРИИ МАЪМУРӢ БАРОИ ҶАШН ГИРИФТАНИ ЗОДРӮЗ БЕРУН АЗ ДОИРАИ ОИЛА

Шаҳрванд О.М.Б. бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, рӯзи 4-уми апрели соли 2025 аз соати 12 то соати 13-00 дақиқа дар толори ҳусни «Зайнаббибӣ», воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ҷашни зодрӯзашро чор рӯз пештар берун аз доираи оила бо ҳамроҳии дугонаҳояш қайд намудааст.

Бинобар ин, бо қарори суди ноҳияи Ашт аз 18 июли соли 2025 ҳуқуқвайронкунанда О.М.Б. бо моддаи 481 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 120 (яксаду бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 9000 (нуҳ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.