АЗОНИХУДКУНӢ БА МИҚДОРИ МАХСУСАН КАЛОН

М.Ҷ.З. бо Фармони директори генералиии Филиали ҶСП “Душанбе сити бонк” дар шаҳри Хуҷанд  №10 аз 09 феврали соли 2021 дар вазифаи инкасатор ба шуъбаи ҳамлу нақли терминалҳо дар ноҳияи Ашти ҶСП “Душанбе сити бонк” дар  шаҳри Хуҷанд фаъолият карда, ҳамчун шахси ҷавобгарии пурраи моддӣ дошта, аз терминалҳои худкору хизматрасонии ҳудуди ноҳияи Ашт, пардохтҳои хизматҳои гуногунҷабҳа, ба монанди хизматрасонии коммуналӣ, телефонҳои мобилӣ, барқ, интернет, пардохти қарзии бонкӣ, маблағҳои андоз, алоқаи мобилӣ ва ғайраро гирифта, маблағи ҷамъовардашударо тавассути бонкҳо ба суратҳисоби ҶСП “Душанбе сити бонк” дар  шаҳри Хуҷанд интиқол диҳад.

Аммо, М.Ҷ.З., бо мақсади ба даст даровардани даромади  махсусан калони моддӣ, бо шаҳрвандони хориҷӣ бо ному насаби “Тимур Измайлов” ва дигарон, ки шахсияти онҳо дар рафти тафтишот муайян карда нашудааст, тариқи мессенҷерҳои “Телеграмм” ва “Вотсап” муносибат пайдо карда, ба барномаҳои интернетии “Универсал трейдинг” ва “Крантон груп”,  пайваст гардида, ба биржаи пули молии давлатҳои хориҷӣ ба доду гирифти маблағҳои пулӣ машғул гардидааст.

Номбурда бо намояндагони ширкати хориҷии мазкур тавассути барномаҳои интернетӣ муносибат пайдо карда, бо роҳи хариду фурӯши асъори хориҷӣ ва ба даст овардани фоидаи калони моддӣ дар давраи фаъолияти корияш аз 25 июни соли 2025 то 30 июни соли 2025 аз терминалҳои ноҳияи Ашт, маблағҳои ба ҳисоби бонки мазкур ворид шударо, дар доираи ваколати хизматиаш, тариқи кушодани сандуқи терминалҳо ба маблағи 3250906,90 (се миллиону дусаду панҷоҳ ҳазору нуҳсаду шаш сомониву навад дирам), ки маблағҳои хизматрасонии бонк барои мизоҷон буда, моликияти ҶСП “Душанбе сити бонк” ба ҳисоб мерафт, ба ҳамёни электронии худ замимаи ДС таҳти рақами 92-000-00-00 ва ба ҳисоби корти худ барои супоридан ба суратҳисоби ҶСП “Душанбе сити бонк” қабул карда, аз ин маблағи дар ҳисобаш буда, маблағи 174017,90 (яксаду ҳафтоду чор ҳазор сомониву навад дирам)-ро ба бонк интиқол дода, боқимонда маблағи   3076889 (се миллиону ҳафтоду шаш ҳазору ҳаштсаду ҳаштоду нуҳ) сомониро  тавассути ҳамёни электоронии худ, замимаи ДС таҳти рақами 92-000-00-00 бо роҳи азонихудкунӣ исрофкорӣ ба суратҳисобҳои 9762000185118394, 9762000086344628, 9762000161770580, 9762000107806514, 5058270376467402, 5058270370556515 ва 9762000161124382, ки шахсияти истифодабарандагони онҳо дар рафти тафтишот муайян карда нашудаанд, интиқол дода бо ин кирдори худ ба ҶСП “Душанбе сити бонк” зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Аз ин рӯ, бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 16 январи соли 2026 М.Ҷ.З. бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чордаҳ сол бо маҳрум  кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти инкасатор-техник дар ташкилотҳои бонкӣ ба муҳлати панҷ сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.