БА ИСТИФОДАИ БЕСАМАРИ ҚУВВАИ БАРҚ РОҲ НАДИҲЕМ

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда, имрӯзҳо бо сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллатамон зина ба зина ба ин ҳадафи миллиамон наздик шуда истодеам. Бунёди иншооти миллии аср-нерӯгоҳи барқии обии Роѓун тасдиқкунандаи он аст, ки мо метавонем бо дастҷамъӣ ва заҳмату талошҳои шабонарӯзиамон онро бунёд намуда, тавассути он рӯшноии доимиро дар ҳар як хонадон таъмин намоем. Дар баробари ин ҳолатҳо ҳар яки моро зарур аст, ки ба истифодаи бесамари нерӯи барқ роҳ надиҳем.

Дар байни ҷомеа ҳастанд нафароне, ки гарчанде аз меъёри қонунгузорӣ огоҳ ҳастанду рафтори ѓайриқонунии худро дарк менамоянд, аммо дидаву дониста боз даст ба содир намудани ҷиноят, яъне дуздии барқ мезананд. Мисоли ин ҳолат шаҳрванд А.Ҷ. сокини ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Шодоба, деҳаи Гулшан мебошад, ки номбурда бархилофи талаботи қонун амал намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади зиёд, канораҷӯӣ намудан аз пардохти маблаѓи барқ фаъолияти соҳибкориро бо ташкили ошхона ба роҳ монда, дар ошхонаи худ бо номи “Хуршед-бар” воқеъ дар суроѓаи ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Шодоба, деҳаи Гулшан барқро истифода намуда, аммо онро ба ҳисобкунаки барқпайваст накардааст. Чунончӣ бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 31-уми декабри соли 2025 муайян гардид, ки судшаванда А.Ҷ. бархилофи талаботи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” амал карда, дар маркази хизматрасонӣ худсарона қувваи барқро берун аз ҳисобкунаки барқӣ пайваст карда, аз моҳи марти соли 2024 то моҳи марти соли 2025 онро бе пайвасткунӣ ба ҳисобкунаки барқӣ истифода намуда, бо ин кирдораш ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ Шабакаҳои барқии ноҳияи Ашт ба маблаѓи 15307,24 (понздаҳ ҳазору сесаду ҳафт) сомонӣ 24 дирам зарари моддӣ расонидааст.

Гарчанде, ки номбурда ба тариқи ѓайриқонунӣ нерӯи барқро истифода намуда бошад ҳам, аммо ӯро ин кирдорҳояш аз ҷавобгарӣ озод накард. Зеро ҳамаи зарарҳои расонидашуда ба пуррагӣ ба фоидаи давлат тааллофӣ карда шуда, дар баробари он нисбат ба номбурда дар доираи талаботи қонун ҷазои ҷиноятӣ таъин карда шуд.

Таъкид кардан зарурист, ки имрӯз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи нодурусти қувваи барқ ҳам ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст ва ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланд, маърифати ҳуқуқӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ ба истифодаи бесамару ѓайриқонунии нерӯи барқ роҳ надиҳем. Танҳо тавассути маърифати баланди ҳуқуқӣ ва бо сарҷамъӣ метавонем ба ҳадафҳои миллиамон даст ёфта, Тоҷикистони азизамонро ба сарзамини биҳиштосо ва Ватани маҳбубамонро ба кишвари хуррамзамин табдил диҳему онро ободу зебо намоем.

 

Анварзода Алишер Анвар

судяи суди ноҳияи Ашт