Ҳуқуқвайронкунанда М.Н.А. рӯзи 19 майи соли 2024 соати 11:40 дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, деҳаи Саро, хонаи берақам, маросими хатнасур баргузор намуда, бо даъвати хешон ва наздикон зиёфат оростааст.
Ҳол он, ки тибқи талаботи моддаи 9 қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.
Оид ба ин ҳодиса нисбати М.Н.А. рӯзи 10 июни соли 2024 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 июни соли 2024, №2051 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда шуда, ҷазо пурзур карда шудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда М.Н.А. ҳуқуқвайронкунии маъмуриро то мавриди амал қарор гирифтани қонуни дар боло зикргардида, яъне рӯзи 19 майи соли 2024 содир намудааст.
Бинобар ин, бо қарори суди ноҳияи Ашт аз 10 июли соли 2024 М.Н.А. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 110 (яксаду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7920 (ҳафт ҳазору нуҳсаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Гарчанде, дар асоси моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024 №2048 Қонуни қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 08 июни соли 2007 аз эътибор соқит шуда бошад ҳам, тибқи моддаи 11 қисми 2 Қонуни нави қабулшуда, маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад ва таҳрири нави моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро барои ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ намудааст.