бекор кардани ақди никоҳ

Шаҳрванд У.М.Ш. нисбат ба У.М.К. бо талабот оиди бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, талаботи даъвояшро чунин асоснок намудааст, ки ӯ бо ҷавобгар санаи 06 ноябри соли 2019 оила барпо намуда, ақди никоҳашон дар Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт таҳти №1 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Аз зиндагонии якҷоя соҳиби ду фарзанд гардидаанд. Муносибати оилавиашон моҳи декабри соли 2022 аз сабаби набудани ҳамдигарфаҳмӣ вайрон гардидааст. Оилаашонро барқарорнашаванда шуморида, хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи байни ӯ ва ҷавобгар бекор карда шавад. Бо ҳалномаи суди ноҳияи Ашт аз  22 феврали соли 2023 даъвои даъвогар У.М.Ш. нисбат ба У.М.К. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ рад карда шудааст.