Бо тариқи пинҳонӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр

шаҳрванд Т.Т санаи 11 июли соли 2022 тахминан соатҳои 03:00 дақиқа бо мақсади дуздӣ ба заминҳои хоҷагии деҳқонии шаҳрванд У.У воқеъ дар деҳаи Сомони ҷамоати деҳоти Сомон рафта, аз ваъияти муносиб — торикии шаб ва набудани атрофиён истифода намуда, як сар моли калони шохдорро, ки дар канори рости роҳ бо арғамчин баста шудааст, тариқи ниҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Сипас ӯ худи ҳамон шаб моли тасарруфкардаашро ба бозори фурӯши чорвои деҳаашон бурда, ба шаҳрванд А.Б ҳамчун моли худ вонамуд карда, ба маблаҳи 1600 (як ҳазору шашсад) сомонӣ фурӯта, бо ин кирдораш ба шаҳрванд У.У. ба маблағи 1600 (як ҳазору шашсад) сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст. Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 20 октябри соли 2022 шаҳрванд Т.Т бо моддаи 244 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шудааст.