Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Шаҳрванд Х, сокини ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Шодоба, деҳаи Қаҳрамон, санаи 23-уми феврали соли 2022, соати 18:00 дақиқа дар манзили истиқоматиаш маъракаи маслиҳатошии пеш аз хонадоршавии духтарашро бо иштироки 35 нафар меҳмонон баргузор намудааст, ки ин бархилофи моддаи 10 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Аз ин рӯ, бо қарори суди ноҳияи Ашт аз 16 марти соли 2022 нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (яксаду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7040 (ҳафт ҳазору чил) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.