Дар бораи тағйир додани андозаи алимент

Шаҳрванд А.Ф. нисбат ба шаҳрванд Э.Э. бо талаби тағйир додани андозаи алимент муроҷиат намуда, даъвояшро чунин асоснок кардааст, ки бо ҷавобгар оила барпо намудааст. Тарафҳо аз зиндагонии якҷояашон соҳиби як фарзанд соли таваллудаш 2010 гардидаанд. Тарафҳо айни ҳол якҷоя зиндагонӣ накарда, кӯдак дар таъминоти даъвогар буда, дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Ашт аз соли 2013 аз ҳисоби ҷавобгар Э.Э. ба фоидаи даъвогар А.Ф. барои таъминоти кӯдак алимент ба тариқи устувор ба маблағи 100 сомонӣ руёнида шудааст.

Даъвогар аз суд хоҳиш намудааст, ки даъвояш қонеъ карда ва маблағи алимент зиёд карда шавад. Бо ҳалномаи суди ноҳияи Ашт аз 2 октябри соли 2023 даъвои даъвогар А.Ф. нисбат ба ҷавобгар Э.Э. дар бораи тағйир додани андозаи алимент қонеъ карда ва маблағи алимент зиёд карда шудааст.