Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ва оқибатҳои он

Шаҳрванд А.Ҷ. санаи 30 январи соли 2022 соати 19:20 дақиқа дар деҳаи Понҳози Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ автомашинаашро идора намудааст.
Оид ба ин ҳолат аз ҷониби кормандони ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо таъинот аз 01 феврали соли 2022 нисбаташ бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Баъдан, бо қарори суди ноҳияи Ашт аз 03 феврали соли 2022 А.Ҷ. бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 19200 (нуздаҳ ҳазору дусад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба мӯҳлати панҷ сол таъин карда шуда, маблағи ҷаримаи таъиншуда дар асоси расид ба фоидаи давлат пурра рӯёнида шуд.