Ҳеҷ як ҷиноят, аз ҷумла дӯздӣ бе ҷазо намемонад

Шаҳрванд Т.Т. санаи 04 ноябри соли 2021 тахминан соатҳои 21:00 дақиқа дар ҳолати мастӣ бинобар маблағи пулӣ надоштан ва вазнин будани шароити зиндагонӣ ба назди мағозаи “Манучеҳр” воқеъ дар ноҳияи Ашт, ҷамоати деҳоти Ашт, деҳаи Дӯстӣ рафта, аз набудани соҳибмулк ва атрофиён истифода бурда, аз канори роҳи мошингард як адад скутери тамғаи “Дайлам” бо арзиши 2400-сомонӣ, ки ба шаҳрванд Х.Н. тааллуқ дошт, тариқи ниҳонӣ тасарруф намуда, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Сипас скутери номбурдаро ба дигар шаҳрванд ба маблағи 600 сомонӣ фурӯхта, маблағи онро барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 1 марти соли 2022 шаҳрванд Т.Т.бо моддаи 244 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба шаст ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.