ИҶРОИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ 30 ДЕКАБРИ СОЛИ 2023, №668 АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ СУДИ НОҲИЯИ АШТ ВОБАСТА БА СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН ГАРДИДАН

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки рӯзи 28 декабри соли 2023 ироа намуданд, соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Инчунин, бо Фаромони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023, №668 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд, чунки дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

Бо мақсади иҷрои Фармони мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун аз ҷониби кормандони суди ноҳияи Ашт як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, дар давоми соли 2024 кормандони суди ноҳияи Ашт 10 маротиба дар радиои маҳаллӣ ва 10 маротиба дар телевизионҳои ватанӣ баромад намуда, вобаста ба мавзӯҳои гуногун 16 мақола нашр намуда, дар коллективҳои меҳнатӣ ва Ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия 121 вохурию сӯҳбатҳо гузарониданд.

Кормандони суди ноҳияи Ашт дар оянда низ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳо меандешанд.