Идомаи суҳбату вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Санаи 13.02.2026 мулоқоти навбатии судяҳои суди ноҳияи Ашт бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки дар он судяҳо Анварзода Алишер Анвар ва Эркинзода Отабек иштирок намуданд. Дар ҷараёни суҳбату вохурӣ ба самъи кормандони соҳаи тандурустӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, мазмун, моҳият ва вазифаҳои дар он гузошташуда фаҳмонида дода шуд. Инчунин ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба кирдорҳои ғайриқонунӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, расонидани ёрии тиббии босифат, садоқатмандии табибон ба касби интихобнамудаи худ диққати ҳозирин ҷалб карда шуд. Ба табибон ҳамзамон талаботи меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак фаҳмонида дода шуда, таъкид шуд, ки кудаконро дар руҳияи Ватандустӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ба воя расонанду ҳангоми баргузории ҷашну маросим ба зиёдаравӣ роҳ надода, талаботи қонунҳоро ба пуррагӣ риоя намоянд. Ҳамчунин вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ диққати ҳозирин ҷалб гардида, доштани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ зимни истифодаи барқ бе пайваст намудани он ба ҳисобкунакҳои барқӣ ба пуррагӣ фаҳмонида дода шуд. Дар анҷом ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъкид шуд, ки ҳамаи мо дар якҷоягӣ хонаву қароргоҳи худро ободу зебо намуда, кушиш намоем, ки дар гулгулшукуфоӣ, ободу зебо нигоҳ доштани кишвари азизамон саҳми назарраси худро гузорем.

Суратгузориш аз рафти вохурӣ…