ИДОМАИ ВОХУРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Санаи 17.02.2026 мулоқоти навбатии судяҳои суди ноҳияи Ашт бо кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ашт, аз ҷумла  омӯзгорон ва кормандони Литсейи №1-и ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки дар он судяҳо Қурбонзода Хусрав Ёқубӣ ва Эркинзода Отабек иштирок намуданд. Дар ҷараёни суҳбату вохурӣ ба самъи иштирокчиён муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, мазмун, моҳият ва вазифаҳои дар он гузошташуда фаҳмонида дода шуд. Инчунин, талаботи меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» фаҳмонда дода шуда, таъкид шуд, ки кудаконро дар руҳияи ватандустӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ба воя расонанду ҳангоми баргузории ҷашну маросим ба зиёдаравӣ роҳ надода, талаботи қонунҳоро ба пуррагӣ риоя намоянд. Ҳамчунин вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ диққати ҳозирин ҷалб гардида, доштани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ зимни истифодаи барқ бе пайваст намудани он ба ҳисобкунакҳои барқӣ ба пуррагӣ фаҳмонда дода шуд. Дар анҷом ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъкид шуд, ки ҳамаи мо дар якҷоягӣ хонаву қароргоҳи худро ободу зебо намуда, кушиш намоем, ки дар гулгулшукуфоӣ, ободу зебо нигоҳ доштани кишвари азизамон саҳми назарраси худро гузорем.

Суратгузориш аз рафти вохурӣ…