Рӯзи 05 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳҳои Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, Муассисаҳои таҳмилоти миёнаи умумии №№3, 33 ва 39-и ин ҷамоат доир ба шарҳу тавзеҳи Паём, самаранок истифода намудани қувваи барқ ва дигар қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ бо иштироки сокинон ва фаъолони ин ҷамоат, омӯзгорон ва хонандагон вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур судяҳои суди ноҳияи Ашт Қурбонзода Хусрав Ёқубӣ ва Эркинзода Отабек иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифодаи бурдани қувваи барқ, муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи танзими ҷашнум маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар қонунҳо баромад намуда, ҷавобгариҳо барои риоя накардани ин қонунҳоро номбар намуданд.
Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ…

Суди ноҳияи Ашт 