Шаҳрванд Ҷ.Р.Д. рӯзи 27 майи соли 2024 тахминан соатҳои 23:20 дақиқа барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 00-00НН02-ро дар ҳолати мастӣ идора кардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шудааст.
Тибқи протоколи муоинаи тиббӣ барои тасдиқ намудани далели ҳолати мастӣ таҳти №0003 аз 27 майи соли 2024 ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.Р.Д. дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Аз ин рӯ, бо қарори суди ноҳияи Ашт аз 30 майи соли 2024 Ҷ.Р.Д. бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муддати понздаҳ шабонарўз, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда шуд.