Зан-Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст. Ҳама комёбӣ ва хушбахтии инсон бо Зан-Модар вобаста буда, паёмбарон ва шинохтатарин чеҳраҳои дирӯзу имрӯз маҳз дар домони модар парвариш ёфтаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва афзун намудани саҳми онҳо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа дар кишвар тӯли солҳои истиқлолият корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Яке аз тадбирҳои назаррас дар ин самт, ки ба беҳтар гардидани шароити занон, таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат мусоидат менамояд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Ҳамчунин аз санаи 1-уми ноябри соли 2006, таҳти №496 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» амал менамояд, ки дар он самтҳои афзалият ва усулҳои татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон нигаронида шудааст.
Дар кишвар бо мақсади беҳтар намудани шароити занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо сохтори махсус–Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳгардонии вазъи занон, ҳифзи оила, модар ва кўдак ширкат меварзад, ба ҳифзи иҷтимоии занон, татбиқи ҳуқуқҳои онҳо ба меҳнат дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, беҳгардонии хизматрасонии тиббӣ ва ғайра мусоидат менамояд. Инчунин, фаъолияти вазорату идораҳоро оид ба масъалаҳои оила, занон, ҳифзи модар ва кўдак ҳамоҳанг месозад.
Дар пешрафти тамоми соҳаҳо нақши занону бонувон назаррас буда, хизмати онҳо дар самти беҳтар гардидани шароити рӯзгордорӣ ва таълиму тарбияи фарзанд дар оила ивазнопазир аст.
Занони тоҷик дар баробари тавлиди кӯдак ва таълиму тарбияи онҳо дар сохторҳои гуногун дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият бурда истодаанд. Воқеан, занон нерӯи созанда ва ободкори миллату давлат мебошанд. Хизмати онҳо дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо баръало ба назар мерасад.
Нақши модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд бар ҳамагон равшан аст, зеро модар намунаи рафтору ахлоқи намунавӣ барои фарзанд аст. Ҳар кори андаку бузурге, ки анҷом медиҳад, дар кирдору тарзи рафтори фарзанди ӯ бо дигарон таъсир мегузорад. Модар бо рафтори намунавии худ инсон мепарварад, фарзандро аз олами нопокиҳо, ҳасадҳо, кинаҳо ва рафторҳои бад дур месозад ва дар дилаш меҳру сафо ва хайрандешӣ нисбат ба атрофиён падид меоварад.
Модар сарчашмаи фазилатҳову хубиҳост. Ӯ дар муҳити хонавода метавонад дарси ростиву дурустӣ ба фарзанд диҳад ва аз кӯдаки заифу нотавон шахсияти тавонои илмиву ахлоқӣ созад ва ба хидмати ҷомеа фиристад.
Хулоса, занону модарон сарчашмаи ҳамаи комёбиҳо, нишоту хушбахтӣ ва маънидиҳандаи зиндагӣ мебошанд. Занон чароғ ва зеббахши ҳаёту зиндагӣ буда, хушбахтии мо аз ҳастияшон вобаста мебошад.
Тӯйчизода Шерзод Тӯйчӣ,
пристави судии Суди ноҳияи Ашт