шаҳрванд Б.Б. моҳи декабри соли 2021 бо шаҳрванд Т. дар манзили истиқоматии модари охирон воқеъ дар ноҳияи Ашт, шинос шуда, зимни суҳбат муносибати дўстона пайдо карда, маслиҳати муносибати маҳрамона намуданро кардаанд. Давоми аввалҳои моҳи августи соли 2022 Б.Б. дар манзили истиқоматии Т. воқеъ дар ноҳияи Ашт, вохўрда, худи ҳамон рўз тахминан соатҳои 21:00 дақиқа алоқаи ҷинсӣ намудааст ва дар лаҳзаи Т. дар ҳолати урён қарор доштан бидуни хоҳиши охирон бо ғарази шахсӣ, яъне дар оянда бе мамониат бо охирон муносибати маҳрамона кардан, охиронро бо телефони мобилиаш чор адад акс гирифта, бо чунин тарз ғайриқонунӣ оид ба ҳаёти шахсӣ маълумоте, ки сирри шахсиро дарбар мегирад, ҷамъ овардааст. Ҳамчунин ў августи соли 2022 тариқи телефони мобилиаш аксҳои урёни Т.-ро тариқи шабакаи иҷтимоии “Ватсап” ба телефони мобилии охирон ирсол намуда, таҳдид кардааст, ки дар вақти бо ў муносибати маҳрамонаро рад намудан, ин маълумотҳоро дар шабакаҳои гуногуни интернетӣ паҳн менамояд.
Ҳамчунин Б.Б. аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба телефони мобилиаш аксҳои дорои хусусияти порнографидоштаро сабт намуда, дар хотираи телефон нигоҳ дошта, моҳи августи соли 2022 тариқи барномаи “Ватсап” ба шаҳрванд Т. ду адад аксҳои расмҳои урёни занҳоро, ки он ба гурўҳи расмҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта мансуб буда, истеҳсоли давлати хориҷа мебошанд, бо воситаи шабакаи номбурда ҳамсўҳбат шуда, ба телефони мобилии охирон ирсол менамояд.
Дар асоси хулосаи ташхиси судӣ-санъатшиносӣ таҳти №2 аз моҳи декабри соли 2022 дар дохили хотираи телефони мобилии аз шаҳрванд Т. гирифта шудааст ва дар хотираи телефони мобилии аз шаҳрванд Б.Б. гирифта шудааст, аксҳо ва наворҳои сабтшуда ба гурўҳи аксҳо ва наворҳои “порнографӣ” тааллуқ дорад.
Б.Б. бо шаҳрванд Т., ки оиладор мебошад, моҳи декабри соли 2022 шиносоӣ пайдо карда, то моҳи августи соли 2022 якчанд маротиба дар манзили истиқоматии Т. ва ҳамзамон дар манзили истқоматии модари охирон алоқаи ҷинсӣ кардааст. Моҳи августи соли 2022 тахминан соатҳои 21:00 дақиқа Б.Б. ба хонаи Т. рафта, пас аз алоқаи ҷинсӣ намудан ҳолати бараҳнагии Т.-ро бидуни розигии охирон тариқи телефони мобилиаш бо мақсади ғараз, яъне бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрўкунанда ба даст овардани фоидаи муфт ва ба акс гирифта, дар хотири телефони мобилиаш нигоҳ доштааст.
Сипас Б.Б. бо ин мақсад яъне ба шавҳари Т. — И ва ё ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани аксҳои урёни зикршуда, ки Т. мехост онро ниҳон дорад, давоми моҳи сентябр то октябри соли 2022 ба телефони мобилии Т. тариқи шабакаи интернетии “Ватсап” он аксҳоро ирсол карда, маблағи пулӣ ба миқдори 500-сомонӣ талаб намудааст. Дар ин гуфтушуниди телефонӣ Б.Б. ба Т. таҳдид намудааст, ки дар мавриди розӣ нашудан, суратҳои дар ҳолати урён гирифташударо ба шавҳараш ва ё ба шабакаҳои интернетӣ паҳн карда, ў ро беообрў менамояд. Ҳамзамон талаб кардааст, ки он маблағро тариқи маркази хизматрасонии “Душанбе-Сити” ба рақами ӯ 992 92——— гузаронад, баъдан ў расмҳоро тариқи флешкарта ба Т. медодааст. Бинобар ин Т., ки мехост он маълумотро ниҳон дорад, тариқи хизматрасонии “Душанбе-Сити” ба рақамҳои ў 992 ——— ба Б.Б. 500-сомонӣ ирсол кардааст. Б.Б. бошад маблағҳои тариқи тамаъҷўӣ ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф карда, ба Т. зарари ҷиддӣ расонидааст. Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 10 феврали соли 2023 дар асоси моддаи 67 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ба Б.Б. ҷазои ниҳоӣ шонздаҳ солу шаш моҳ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати ду сол таъин карда шудааст.