Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 ва амалӣ кардани вазифаҳои дар он зикргардида

Нишонаи суботи имрӯзаи Тоҷикистон — ин Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.

Дар ҳар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд. Агар паёмҳои ҳарсоларо аз назар гузаронем, он нуктаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, тадриҷан амалӣ мегарданд. Мисоли он — таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд. Сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо ва муассисаҳои фароғатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти халқ беҳтар шудааст ва рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии худ ғайрат намояд. Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Имрӯз ҳар фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардад.

Соли 2023-ро бо нишондиҳандаҳои хуби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷамъбаст намудем.  Зеро ин сол ҳам боз як қадами  мамлакати мо ба тарафи  рушди босуботи иқтисодӣ мебошад. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ  иброз намуданд, ки «соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд». Зеро новобаста аз шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, буҳрони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст,  давлати мо тавонист нақшаҳои гуногуни худро дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи устувори инкишоф нигоҳ дорад.

Паёми соли 2023 аз паёмҳои пешина хеле фарқ менамуд ва ин вобаста аз он таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳони имрӯза мебошад, ки муносибатро ба сиёсати на танҳо беруна, балки дохилии ҷумҳурӣ пурра тағйир медиҳад. Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони бист соли пеш куллан фарқ менамояд. Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин марҳилаи тақдирсоз Тоҷикистон тавонист асосҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  демократии худро, ки дар Конститутсияи ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд, нигоҳ дошта, сатҳи некуаҳволии халқ рӯз аз рӯз беҳтар шавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  ҷиҳати идома додани чунин ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми ҷумҳурӣ, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти ҷумҳурӣ супориш доданд, ки нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия шавад ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо, музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд шавад.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсия Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 давоми мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат баҳри рушди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Давлати мо ҳуқуқбунёд аст ва мо бояд насли наврасро ба эҳтироми қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ, ҳамчун муҳимтарин хислатҳои инсон, ки дар ғамхорӣ дар бораи ободии мамлакати худ, таҳкими он зоҳир мегардад, тарбия ва муҳофизат намоем.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегию таҳлилие мебошад, ки дар он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои халқу мамлакат бо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат пешниҳод мешавад.

Вақте ки сухан дар бораи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ меравад, бояд дарк намоем, ки Паём- ин муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, соҳибистиқлол будани давлатро собит месозад. Агар истиқлолият муқаддастарину азизтарин дастовард, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, пас Паёми Президенти ҷумҳурӣ низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.

Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.

 

Судяи суди ноҳияи Ашт,

Қурбонзода Хусрав Ёқубӣ