Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замон истиқлол буда,  санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишови ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бо далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ва пеш аз ҳама таҳлили сеҷонибаи рушди нумӯи кишвар натиҷагирӣ карда шуданд.

Мо кормандони мақомоти судӣ ва сокинони меҳнатқарини диёрро зарур аст, ки дар пайгирӣ ва ҷонибдории амалӣ аз сиёсати серҷабҳаву ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои мавҷударо баҳри густаришу вусъати дастовардҳо, ободу зебо гардонидани диёр ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар намоем. Тамоми дастуру супоришҳое, ки зимни ироаи паём аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шуд, баҳри татбиқи он кӯшиш намоем.