Дӯстони азиз!
Ҳар яки Шуморо аз номи колективи ҳамкорон бо фаро расидани соли нави мелодии 2026 самимона табрику муборакбод мегӯям.
Соли нави 2026–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шуморо бо фарорасии соли нави 2026-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои худ самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.
Соли нави мелодӣ муборак, дӯстони азиз!
Суд Аштского района 
