«Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад.» — Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳадафҳои истиқбол аз 30-солагии қабули Конститутсия ва заминаҳои таърихӣ—ҳуқуқии таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус иброз гардид, ки «Соли 2024 сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Конститутсияи ҶТ) таҷлил мегардад. Бинобар ин, пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, фармони Президенти ҶТ «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид.
Аз қабули Конститутсияи ҶТ се даҳсола, яъне 30 сол сипарӣ мегардад. Ҳадафҳои истиқбол аз 30-солагии қабули Конститутсияи ҶТ ба андешаи мо аз инҳо иборат аст:
1) пеш аз ҳама бояд иброз намуд, ки яке аз ҳадафи асосии истиқбол аз 30-солагии қабули Конститутсияи ҶТ дар он зоҳир меёбад, ки Конститутсия қонуни асосии давлат маҳсуб мегардад. Яъне, Конститутсия санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад ва тамоми қонунҳо аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма гирифта, ҷиҳати иҷро ва таъмини он равона гардидаанд. Ин ҳолатҳо гувоҳи он аст, ки моро мебояд 30 соли амали ин санади олии ҳуқуқиро натиҷагирӣ намуда, таъсири онро ба ҳаёти ҷомеа ва рушди минбаъдаи онро муайян намоем;
2) муҳимияти таҷлил аз 30-солагии қабули ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ дар он аст, ки Конститутсияи ҶТ на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки барои миллати тоҷик як ҳуҷҷати арзишманди сиёсӣ—таърихӣ аст, ки роҳи қонунии миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ эмин нигоҳ доштанро муқаррар намуд. Маҳз Конститутсияи ҶТ дар ҳаёти ҷомеа сулҳу субот, қонуният, низоми давлатдорӣ ва қонунгузориро пойдор намуд, ки аз ин дидгоҳ мебояд ин санаи фархундаро бо тантана таҷлил кард;
3) дигар махсусияти муҳими таҷлили ин санаи фархунда дар он аст, ки қабули Конститутсия бо азму иродаи шаҳрвандон сурат гирифтааст. Боиси қайд аст, ки метавон солгарди дилхоҳ санади меъёрии ҳуқуқиро қайд намуд, аммо махсусияти таҷлили 30 соли қабули Конститутсияи ҶТ ин аҳаммияти муҳими миллӣ, таърихӣ-ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад, чунки ягона санад дар кишвар аст, ки танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва азму иродаи мардумро ифода менамояд;
4) Конститутсия ин қонун оид ба вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, таъсиси давлат, низоми фаъолияти мақомоти он, тартиби ташкил ва татбиқи салоҳияти онҳо ва омили муайянкунандаи равобити мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ мебошад. Яъне, Конститутсия ифодакунанда ва заминаи асосии танзими комплексии муносибатҳо оид рушду инкишофи самтҳои мухталифи ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад.
Заминаҳои таърихӣ—ҳуқуқии таҳия ва қабули Конститутсияи ҶТ. Боиси хушнудӣ аст, ки таҳия ва қабули Конститутсияи ҶТ дар заминаҳои муайяни таърихӣ-ҳуқуқӣ сурат гирифтааст. Бояд иброз намуд, ки ҶТ таҷрибаи таҳия ва қабули чунин санади олии хусусияти ҳуқуқӣ ва сиёсидоштаро ҳанӯз аз даврони дар ҳайати ИҶШС қарор доштан дорад, чунки маҳз дар ҳамин марҳила бо дарназардошти вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷуғрофӣ, низоми давлатдорӣ ва амсоли ин омилҳо чор маротиба солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 Конститутсия дар ҳудуди мамлакат таҳия ва қабул карда шудааст.
Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ ин таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон буд, зеро маҳз ин ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ сохти идоракунӣ ва низоми сиёсии давлатро муайян менамояд.
Чуноне ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалии парламентӣ таҳти унвони “30-солагии Конститутсияи ҶТ” таъкид доштанд “нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати ояндасози миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайванди он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Қабули Санади олии мамлакат арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар марҳилаи нави инкишофи он ба шумор рафта, натиҷаи саъю талошҳои бисёрсолаи ҷомеаи мардумпарвар ва адолатпеша дар масири рушду пешрафти худ ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад”.
Бояд иброз намуд, ки таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар марҳилаи душвори сиёсӣ ба вуқуъ пайваста, он заминаҳои таърихӣ-ҳуқуқии ба худ хосро дорост, ки онҳоро ба се марҳилаи зерин тасниф намудан мумкин аст:
1) марҳилаи якуми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҶТ—ро ин соҳибихтиёр гардидани мамлакат ва қабули Эъломияи истиқлолияти ҶТ аз 24 августи соли 1990 ташкил менамояд. Дар ин марҳила, 9 сентябри соли 1991 ҶТ соҳибистиқлол гардида, дар пасманзари барҳам хӯрдани ИҶШС бо дарназардошти вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ зарурати таҳияи Конститутсияи нави мамлакат мавҷуд буд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқии таҳияи Конститутсияи нави ҶТ Эъломияи истиқлолияти давлатӣ аз соли 1990 ва бо тағйиру иловаҳо дар соли 1991 мебошад, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ давлати соҳибихтиёр гаштани Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҳз дар ин Эъломия якумин бор эълон карда шудааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҳукмравоии Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои он муқаррар карда шуда, он барои таҳияи Конститутсияи нави ҶТ асос мебошад.
2) марҳилаи дуюми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҶТ бо қабули қарори Шурои Олии ҶТ аз 3 январи соли 1992, №493 оид ба ворид намудани тағйироту илова ба ҳайати Комиссияи конститутсионӣ оғоз мегардад. Инчунин, ворид гардидани ҶТ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба ҳайати СММ ва ИДМ заминаҳои дигари таҳияи Конститутсияро бо дарназардошти принсипҳои байналмилалӣ ба вуҷуд овард. Дар ин марҳила Комиссияи конститутсионӣ дар ҳайати 55 нафар таъсис дода шуда, дар муҳлати кӯтоҳ лоиҳаи Конститутсияро бо фарогирии 7 фасл, 12 боб ва 136 модда таҳия намуда, ба Раёсати Шурои Олии ҶТ пешниҳод намуд. Раёсати Шурои Олии ҶТ пас аз баррасии лоиҳа аз 22 апрели соли 1992 онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Аммо, бо дарназардошти шиддат гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бесарусомониву беқонуниятӣ амалӣ гардидани раванди муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия мақсаднок ба анҷом напазируфт.
Бояд таъкид намуд, ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии ҶТ (ноябри соли 1992), ки дар меҳвари он талошҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад, баргузор гардид, ки он дар таъмину таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, эъмори давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, таҳия ва қабули Конститутсияи ҶТ заминаи боътимод ва умедворкунандаро гузошт. Зикр кардан ба маврид аст, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳз баъди ин Иҷлосияи таърихӣ шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд.
Дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии ҶТ, ки роҳи қонунии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро пурра ба миён овард, изҳор карда шудааст, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ҳимоя карда шаванд, бо роҳи қонунӣ Раёсати Шурои Олии ҶТ интихоб ва Ҳукумати Тоҷикистон таъсис меёбад, ки ба ин васила ба марҳилаи сифатан нави таҳия ва қабули Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаи устувор гузошта шуд;
3) марҳилаи сеюми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҶТ бо қабули қарори Шурои Олии ҶТ аз 26 июни соли 1993, №836 доир ба ворид намудани тағйирот ва илова ба ҳайати Комиссияи конститутсионии қаблӣ оғоз мегардад. Дар ин марҳила, бо роҳбарии Раиси Шурои Олии ҶТ муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович дар ҳайати 62 нафар аз ҳисоби ходимони давлатӣ, шахсони соҳибтаҷриба, олимони варзидаи соҳаҳои гуногуни илми Тоҷикистон, донишмандони соҳаҳои таъриху фарҳанг, сиёсату ҳуқуқ Комиссияи конститутсионӣ ва тибқи қарори Раёсати Шурои Олӣ аз 30 сентябри соли 1993, №1428 бо мақсади ҷоннок гардидани кори таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав аз ҳисоби олимону ходимони давлатӣ ва аъзои Комиссияи конститутсионӣ дар ҳайати 13 нафар гурӯҳи кории комиссия ташкил гардид.
Дар ин замина, устод Зариф Ализода иброз менамоянд, ки “дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд, дар гурӯҳи корӣ ду лоиҳа яке “Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ” ва дигаре “Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ” таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ андеша оид ба лоиҳаи “Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ” тарафдории бештаре пайдо кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин ҷо нақши сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ ӯ ақидаи худро оид ба институти президентӣ иброз намуда, бо асосу далелҳои воқеӣ барои ҶТ зарур будани ниҳоди президентиро исбот намуд”.
Пас аз омӯзишу баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ қобили қабул шуморида шуда, дар асоси қарори Раёсати Шурои Олӣ аз 13 апрели соли 1994, №1662 лоиҳаи Конститутсияи ҶТ, ки 10 боб ва 100 моддаро фаро мегирифт, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар маърӯзаи хеш доир ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ моҳи июли соли 1994 иброз намуданд: «дар тӯли зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Шурои Олӣ беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардид». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми кишвар низ доир ба муқаррарот ва аҳаммияти Конститутсия бетараф набуда, дар такмили он нақши арзишманд гузоштаанд.
Бояд таъкид дошт, ки воқеан дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ таҳияи чунин санад (Конститутсия) кори басо мушкил буд, вале маҳз кордонӣ, масъулият ва садоқати Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистанд бо таклифу пешниҳодҳои худ як гурӯҳи кории босалоҳият созмон диҳанд ва пайваста аз он натиҷагирӣ намоянд, ки чунин фаъолият натиҷаҳои судманду афзалиятнокро баҳри рушди минбаъдаи давлат ва таҳаввулоти конститутсионӣ дар кишвар ба вуҷуд овард.
Боиси қайд аст, ки зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия ҶТ ҳадафҳои нави давлати соҳибистиқлол, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои илмӣ оид ба падидаҳои конститутсонализм, инчунин таҷрибаи давлатҳои пешқадам оид ба таҳия ва қабули Конститутсия ва ҳамзамон арзишҳои байналмилалӣ ва санадҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ ба инобат гирифта шуда буд. Маҳз ҳамин омилҳо буд, ки дар ҳамон марҳила лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Англия, Россия ва чанд кишвари дигар баҳои сазовор гирифт ва ҳатто коршиносони СММ, Шурои Амният ва ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ низ ба лоиҳа баҳои баланд додаанд.
Бо дарназардошти муқаррароти моддаи 3 Қонуни ҶТ аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар ҶТ, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ» ва Қонуни ҶТ аз 7 сентябри соли 1994, №1066 «Дар бораи ба вақти дигар гузаронидани муҳлати референдум оид ба қабул намудани Конститутсияи ҶТ ва интихоботи Президенти ҶТ» ва дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар ҶТ, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ» 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар он 94,40 фоизи шаҳрвандон ширкат варзида, 87,59 фоиз ба тарафдории қабули Конститутсия овоз додаанд.
Вобаста ба ин, қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, он ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва тақвият бахшидан ба дурнамои ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ва рушди бемайлони низоми қонунгузорӣ мусоидат намуд.
Ҳамзамон, метавон иброз намуд, ки дар масири 30 соли қабул ва амали Конститутсияи ҶТ дар се марҳила ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд, ки ба такмили меъёрҳои Конститутсия ва низоми ҳуқуқии мамлакат мусоидати бевосита намуданд. Аз ҷумла: 26 сентябри соли 1999; 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди қонунгузорӣ
Қобили зикр аст, ки мавқеъ ва нақши Конститутсияи ҶТ дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас буда, маҳз дар заминаи меъёрҳои заминавӣ (бунёдӣ)-и он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқаррар гардидааст. Қабули Конститутсияи ҶТ боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории ҶТ мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи ҶТ ва бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Чуноне ки М.З. Раҳимзода қайд менамояд, “ташаккули минбаъдаи инкишофи қонунгузорӣ дар ҶТ ба қабули Конститутсияи ҶТ 6 ноябри соли 1994, ки дурнамои сиёсати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд, вобаста мебошад. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде мавҷуд аст, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум, принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҶТ-ро муқаррар менамоянд”.
Стратегия ва дурнамои масъалаҳои танзими муфассали ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар доираи қонунгузорӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мавриди танзим ва муқаррарнамоӣ қарор дода шудаанд. Таҳлил ва омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он далолат менамояд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар зиёда аз 397 санадҳои қонунгузорӣ (1 — Конститутсия, 17 — қонунҳои конститутсионӣ, 21 — кодексҳо, 17 — қонунҳо дар бораи авф, 27 — қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва 314 қонунҳои ҷорӣ) ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.
Дар баробари ин, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ зиёда аз 18 000 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардиданд, ки моҳияти асосии онҳоро асосҳо ва иҷрои нишондодҳои санадҳои қонунгузорӣ ташкил медиҳад. Дар ин раванд, ҶТ узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардида, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия ва 964 шартнома ва созишномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонидааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими дигар, ки барои рушди қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт, банақшагирии рушди қонунгузорӣ аст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ (консепсия, стратегия ва барнома) ба роҳ монда мешавад. ҶТ бо мақсади таҳкими ҳадафҳои стратегии давлат ва татбиқи онҳо зиёда аз 500 ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ (57 — стратегия, 70 — консепсия ва 373 — барномаҳои давлатӣ)-ро аз соли 1994 то ба имрӯз қабул ва роҳандозӣ намудааст. Бояд зикр намуд, ки дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мазкур махсусияти бевосита ба таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои қонунгузорӣ, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо дода шуда, бо ин назардошт дурнамои ташаккул ва такмили низоми қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки рушди қонунгузории ҶТ баъд аз қабули Конститутсия бо дарназардошти унсурҳои асосии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам гардид. Агар ба масъалаҳои танзими қонунии муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш аз қабули Конститутсия назар афканем, қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида бештар ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буданд (ба монанди, қонунҳои ҶТ «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра). Айни замон бошад, ташаккул ва рушди низоми қонунгузорӣ бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра равона гардидааст.
Дар баробари ин, ҳамчун афзалияти муҳими дигар дар рушди низоми қонунгузории кишвар ин ба вуҷуд омадани истилоҳи қонуни миллӣ маҳсуб мегардад, ки ифодагари анъана, махсусиятҳои осори фарҳангӣ ва табиати миллати тоҷик мебошад. Дар ин самт, бо иродаи устувори фарҳангиву таърихӣ, ташаббусҳои наҷиб ва таклифҳои мубрами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар ду марҳила (солҳои 2007, 2011 ва 2024) ва бо дарназардошти сатҳи баланди тарбияи ватандӯстӣ, ташаббуснокӣ ва фаъолияти касбии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» (соли 2022) қабул гардиданд, ки сирф хусусияти миллӣ доранд ва таҷассумгари осори маънавии миллати тоҷик мебошанд. Бояд гуфт, ки таҷрибаи ташаккули қонунофарии миллати тоҷикро дар ин самт дигар давлатҳои дунё, махсусан кишварҳои минтақа истифода бурда истодаанд, ки ин механизми нисбатан нави рушди қонунгузориро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ инъикос менамояд.