саркаши аз хизмати ҳарбӣ ва оқибатҳои он

Раҳмонов Сорбон Музаффарович дар асоси протоколи комиссияи даъватии ноҳияи Ашт аз 30 январи соли 2014 ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаштааст ва лоиқи хизмати ҳарбӣ дониста шудааст. Санаи 10 январи соли 2023 ба ӯ барои ҳозир шудан ба комиссияи даъватии ноҳияи Ашт ба санаи 1 апрели соли 2023 даъватнома шахсан супорида шуда, имзои охирон гирифта шудааст. Ҳамзамон пас аз ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1605 аз 1 марти соли 2023 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ” даъватшаванда Раҳмонов С.М. ба комиссияи даъват ҳозир нашуда, бе сабабҳои узрнок бо мақсади саркашӣ намудан аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ашт ҳозир нашуда, ба самти номаълум ғайб зада, бо ин роҳ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ кардааст. Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 4 августи соли 2023 бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба ҳабдаҳ ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуда ва дар асоси моддаи 70 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаи таъиншуда бо дарназардошти муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани судшаванда, ба андозаи панҷоҳ нишондињанда барои ҳисобҳо баробар ба се ҳазору чорсад сомонӣ кам карда шудааст.