Саркаши аз хизмати ҳарбӣ

Шаҳрванд Ш.Ш. дар асоси протоколи комиссияи даъватии ноҳияи Ашт аз моҳи январи соли 2020 ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаштааст ва лоиқи хизмати ҳарбӣ дониста шудааст. Санаи 10 майи соли 2022 ба ў барои ҳозир шудан барои омўзиши ҳарбӣ тариқи дахлдор даъватнома супорида шуда, номбурда шахсан даъватномаро имзо гузошта гирифтааст, лекин ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудааст. Санаи 11 августи соли 2022 аз ҷониби масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Ашт барои ба даъватшаванда Ш.Ш. расонидан ба падараш даъватнома супорида шудааст, аммо Ш.Ш. пас аз шунидани хабари даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҷойи зисти худро тағйир дода, бо мақсади саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ санаи 15 августи соли 2022 ба Федератсияи Россия сафар кардааст. Ҳамзамон пас аз ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти аз 5 сентябри соли 2022 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” даъватшаванда ба комиссияи даъват ҳозир нашуда, бе сабабҳои узрнок бо мақсади саркашӣ намудан аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ашт ҳозир нашуда, ба самти Федератсияи Россия сафар карда, ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудааст. Моҳи апрели соли 2023 масъулини комиссариати ҳарбӣ бо мақсади даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ҳузури падари даъватшаванда тариқи барномаи интернетии фосилавӣ бо Ш.Ш. ҳамсуҳбат шуда, ба ў даъватномаро ирсол карда, моҳияти қонунро фаҳмонида, талаб кардаанд, ки чиптаи роҳкиро барои омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр мебошад ва номбурда бо комиссияи ҳарбӣ даъват ҳозир шавад, аммо охирон такроран аз рўи даъват ҳозир нашуда, бо ин роҳ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ кардааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 21 ноябри соли 2023 нисбати Ш.Ш. бо моддаи 343 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ва бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи яксаду бист нишондиҳанда барои ҳњисобҳо баробар ба ҳашт ҳазору яксаду шаст сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Дар асоси моддаи 70 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаи таъиншуда бо дарназардошти муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани судшаванда, ба андозаи сиву панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба ду ҳазору сесаду ҳаштод сомонӣ кам карда шудааст.